Охарин омори ибтило ба коронавирус дар Туркия

Вазири тандурустии Туркия бо баёни инки, кадри дармони худро барои ҷилавгирӣ аз шуюи ҷидди коронавирус омода карда буд, изҳор дошт: бо иқдомоте, ки дар пеш гирифтем ҳамакнун 30 дарсади тахтҳои бемористонии мо холӣ аст.

 

Ба гузориши гурӯҳи байналмилалии хабаргузории “Тасним“, “Фахруддин Кужо”, вазири тандурустии Туркия дар хусуси охарин вазъияти шуюи коронавирус дар ин кишвар, пас аз нишасти ҳайати илмии коронавирус гуфт: тайи 24 соати гузашта 37535 тести коронавирус гирифта шудааст, ки аз ин теъдод 3083 маврид мусбат ба коронавирус ташхис дода шудааст. 117 нафар низ ҷони худро аз даст додаанд.

Вай афзуд: дар маҷмӯъ 750 ҳазор ва 944 тести коронавирус гирифта шудааст, ки 98 ҳазор ва 674 нафар тести мусбат доштаанд ва 1814 нафар низ ҷони худро аз даст додаанд.

Вазир тандурустии Туркия, бо ишора ба инки худро барои як пандемияи ҷиддӣ омода карда будем, изҳор дошт: бар ин асос тахтҳои бемористониро омода карда будем. Дар ҳоли ҳозир 30 дарсади тахтҳои бемористонии мо холӣ аст ва ин дар ҳоле аст, ки дар Аврупо ҳеҷ тахти холи вуҷуд надорад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад