Теъдоди мубталоёни ба коронавирус дар Мексика аз марзи 9 ҳазор нафар гузашт

Вазорати тандурустии Мексика, аз сабти 700 мавриди ҷадиди ибтило ба коронавирус дар ин кишвар хабар додааст.

 

Ба гузориши хабаргузории Reuters, вазорати тандурустии Мексика эълом кард: рӯзи се шанбе 700 мавриди ҷадиди ибтило ба коронавирус сабт шуда ва бо ин ҳисоб теъдоди кулли мубталоён ба ин беморӣ ба беш аз 9501 нафар расидааст.

Бар асоси ин гузориш мақомҳои вазорати тандурустии Мексика афзуданд: теъдоди фавтиҳои ноши аз ибтило ба коронавирус низ бо 145 нафар афзоиш, нисбат ба рӯзи душанбе ба беш аз 857 нафар расидааст.

Ин дар шароите аст, ки пеш аз ин муовини вазири тандурустии Мексика гуфтааст, ки ин кишвар эҳтимолан бо 26500 мавриди ибтило ба коронавирус мувоҷеҳ шудааст, ки бисёре аз онҳо ҳеҷ нишонаи зоҳирӣ аз ибтило ба ин вирус надоштаанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад