Охарин омори ибтило ба коронавирус дар Туркия

Вазири беҳдошти Туркия навишт: тайи 24 соати гузашта аз 39 ҳазор ва 429 нафар тести гирифта шуда, ки ҳосили он тасбити 4611 нафар ба коронавирус будааст.

Ба гузориши гурӯҳи байналмилалии хабаргузории “Тасним“, “Фахруддин Кужо”, вазири тандурустии Туркия дар сафҳаи тветарии худ дар хусуси охарин вазъияти беморони мубтало ба коронавирус дар ин кишвар навишт: тайи 24 соати гузашта аз 39 ҳазор ва 429 нафар тести гирифта шуда, ки ҳосили он тасбити 4611 нафар ба коронавирус будааст. Ҳамчунин 119 нафар низ ҷони худро аз даст додаанд.

Вай афзуд: ба ин тартиб дар маҷмӯъ аз 713 ҳазор ва 409 нафар тести гирифта шуда, ки 95 ҳазор ва 591 нафар аз онҳо мубтало ба коронавирус ташхис дода шуда ва 2259 нафар низ ҷони худро аз даст додаанд.

Вазири тандурустии Туркия тасреҳ кард: додаҳо ба мо мегӯянд, ки набояд но умед шуд ва дучори тарсу ваҳшат шуд. Ин ду аз коронавирус хатарноктаранд. Бо тадбир иқдомоти худро идома хоҳем дод.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад