Озодии матбуот; Тоҷикистон дар зинаи 161

Созмони "Хабарнигорони бидуни марз” дар гузориши солонааш Тоҷикистонро аз нигоҳи сатҳи озодии матбуот дар байни 180 кишвар дар ҷои 161-ум, дар байни 20 кишвари саркӯбгари озодии матбуот гузоштааст.

“Хабарнигорони бидуни марз” Тоҷикистонро дар харитааш бо ранги сиёҳ нишон дода ва дар шарҳи вазъи озодии матбуот дар Тоҷикистон навиштааст: “Таъқибот аз ҷониби мақомоти амниятӣ, тарсондан ва таҳдид кардан барои журналистон имрӯз ба як воқеияти рӯзмарра табдил ёфта, бархеро ҳамчун “террористон” ба рӯйхатти сиёҳ шомил кардаанд. Ин фазо худсонсурӣ ва беҷазоӣ барои коррупсияро эҷод мекунад. Журналистони хориҷиро аз ҳаққи кор (аккредитатсия) маҳрум мекунанд ваё онҳо маҷбур мешаванд таҳти таҳдиди пайвастаи аз даст додани аккредитатсия кор кунанд. Мақомот афзоиши назораташон бар матбуотро тавассути технологияҳои навин тақвият дода, барои беобрӯ кардани мунтақидон “фабрикаҳои троллҳо”-ро ташкил кардаанд. Масдуд кардани дастрасӣ ба сомонаҳои бузурги хабарӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ ҳоло сурати доимӣ гирифтааст.”

Созмони “Хабарнигорони бидуни марз” дар гузориши солонааш, ки рӯзи 21 аперл нашр шуд ва вазъи озодии матбуот дар 180 кишвари ҷаҳонро фаро мегирад, Тоҷикистонро аз нигоҳи риояи озодии матбуот дар мақоми 161-ум, дар байни 20 кишвари саркӯбгари матбуот гузоштааст. Тоҷикистон соли гузашта низ дар байни 20 кишвари саркӯбгари матбуот қарор гирифта буд. Дар ин раддабандӣ Тоҷикистонро Судону Бурунди (аз боло) ва Ироқу Эритрея ва Либия (аз поён) “ҳамсоягӣ” мекунанд. Аз байни кишварҳои Осиёи Марказӣ танҳо матбуоти Қирғизистон қисман озод, Қазоқистону Узбекистон ноозод баҳо гирифта, “Хабарнигорони бидуни марз” Тоҷикистону Туркманистонро бо ранги сиёҳ дар байни кишварҳои саркӯбгари озодии матбуот нишон додааст. Қирғизистон дар раддабандии имсола мақоми 82, Узбекистон ва Қазоқистон мақомҳои 156 ва 157, Тоҷикистон – зинаи 161 ва Туркманистон зинаи 179-ум, яъне аз поён баъди Кореяи шимолӣ дуюмро ба худ ихтисос додаанд.

5 ҷои аввалро дар раддабандии имсолаи “Хабарнигорони бидуни марз” кишварҳои Скандинавия – Норвегия, Финландия, Дания, Шветсия ва Ҳолланд ба даст оварда, дар ду ҷои баъдӣ кишварҳои ҳавзаи Кариб – Ямайка ва Коста-Рика ҷой гирифтаанд. Ин созмон дар 5зинаи аз ҳама поён Кореяи шимолӣ, Туркманистон, Эритрея, Чин ва Ҷибутиро гузоштааст.

“Хабарнигорони бидуни марз” дар бахши Тоҷикистони гузоришаш менависад: “Президент Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳоло расман унвони “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат”-ро соҳиб шудааст, ҳарчӣ бештар майлаш ба худкомагиро намоиш дода, оштии миллии осебпазири дар харобазори ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-1997 бавуҷудомадаро зери хатар мегузорад. Фишори давлат ҳамроҳ бо буҳрони иқтисодӣ боиси баста шудани аксари нашрияҳои мустақил, аз ҷумла “Озодагон” гардида, ба муомилаҳои ҷиддӣдар мавриди худсонсурӣ рафтани нашрияҳо ва аз кишвар фирор кардану ғурбатро ихтиёр кардани даҳҳо журналист шудааст. Таъқибот аз ҷониби мақомоти амниятӣ, тарсондан ва таҳдид кардан барои журналистон имрӯз ба як воқеияти рӯзмарра табдил ёфта, бархеро ҳамчун “террористон” ба рӯйхатти сиёҳ шомил кардаанд. Ин фазо худсонсурӣ ва беҷазоӣ барои коррупсияро эҷод мекунад. Журналисти собиқ Хайрулло Мирсаидов барои ошкор кардани тасарруфи маблағҳои ҷамъиятӣ 8 моҳ боздошт шуд. Журналистони хориҷиро аз ҳаққи кор (аккредитатсия) маҳрум мекунанд ваё онҳо маҷбур мешаванд таҳти таҳдиди пайвастаи аз даст додани аккредитатсия кор кунанд. Мақомот афзоиши назораташон бар матбуотро тавассути технологияҳои навин тақвият дода, барои беобрӯ кардани мунтақидон “фабрикаҳои троллҳо”-ро ташкил кардаанд. Масдуд кардани дастрасӣ ба сомонаҳои бузурги хабарӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ ҳоло сурати доимӣ гирифтааст.”

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад