Афзоиши омори мубталоёни ба коронавирус дар манотиқи ишғолӣ бо сабти 158 маврид ҷадид

Манобеи хабарӣ, аз афзоиши омори мубталоёни ба коронавирус дар манотиқи ишғолӣ хабар доданд.

 

Ба гузориши шабакаи “Расия-Ал-Явм“, вазорати тандурустии режими саҳюнистӣ имрӯз якшанбе аз афзоиши омори маргу мир ноши аз ибтило ба коронавирус дар манотиқи ишғолӣ ба 171 нафар, пас аз марги 6 мубталои дигар хабар дод.

Ин вазорат ҳамчунин эълом кард, бо сабти 158 мавриди ибтило тайи 24 соати ахир, омори мубталоёни ба коронавирус ба 13 ҳазор ва 362 нафар афзоиш ёфтааст.

Масъулони вазорати тандурустии Фаластин, дар Ромаллоҳ, аз сабти 13 мавриди ҷадиди ибтило дар манотиқи Фаластинӣ ва афзоиши теъдоди мубталоён ба 431 нафар хабар доданд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад