Фаронса иртибот миёни коронавирус бо озмоишгоҳи Вуҳонро рад кард

Фаронса эълом кард ҳеҷ мадраке вуҷуд надорад, ки иртибот миёни коронавирус ва озмоишгоҳи таҳқиқотӣ дар Вуҳони Чинро исбот кунад.

Ба гузориши гурӯҳи байналмилалии хабаргузории Тасним, як мақом дар дафтари риёсат ҷумҳурии Фаронса эълом кард: мехоҳем ба таври шаффоф бигӯем то имрӯз ҳеҷ мадраки воқеӣ, (ки ахиран дар Иёлоти Муттаҳида, дар матбуот мунташир шудааст), ҳокӣ аз иртибот миён маншаи коронавирус (квиди-19) ва кори озмоишгоҳии P4-и Вуҳони Чин, вуҷуд надорад.

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико чаҳоршанбе гуфта буд давлатш дар талош аст, мушаххас кунад оё коронавирус дар озмоишгоҳи Вуҳон тавлид шудааст? ва Майк Помпео, вазири хориҷаи Амрико низ гуфта буд Чин бояд шаффофсозӣ кунад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад