Рустами Эмомалӣ раиси маҷлиси миллӣ интихоб шуд

Рустами Эмомалӣ, писари бузурги Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба унвони раиси Маҷлиси милллии ин кишвар интихоб шуд.

Намояндагони шашумин давраи Маҷлиси миллӣ рӯзи ҷумъа дар нахустин ҷаласаи худ, Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанберо ба унвони раиси ҷадиди Маҷлиси миллии ин кишвар интихоб карданд.

Ин ҷаласа бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуд ва аъзои Маҷлиси миллӣ аз тариқи раъйгирии махфӣ, Рустами Эмомалиро ба унвони раиси ҷадиди Маҷлиси миллии ин кишвар интихоб карданд.

Дар ин ҷаласа ҳамчунин Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд ба унвони ноиби раиси аввал ва Ёдгор Файзов, раиси вилояти Бадахшон ба унвони ноиби дуввуми Маҷлиси миллии Тоҷикистон интихоб шуданд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад