Индонезия олудатарин кишвар ба коронавирус дар ҷануби шарқи осиё

Теъдоди кулли мубталоёни ба коронавирус дар Индонезия ба беш аз 5923 нафар расидааст.

 

Ба гузориши хабаргузори “Reuters”, Индонезия рӯзи ҷумъа аз ибтилои 407 нафари дигар ба коронавирус хабар дода то теъдоди кулли мубталоёни ба ин бемори ба беш аз 5923 нафар бирасад.

Бар асоси ин гузориш теъдоди мубталоёни ба коронавирус дар Индонезия, акнун аз Филиппин низ фаротар рафта ва ин кишвар акнун болотарин теъдоди мубталоёни ба коронавирусро дар ҷануби шарқи осиё дорад.

Вазири тандурустии Индонезия ҳамчунин эълом кардааст, ки бо марги 24 нафари дигар бар асари коронавирус теъдоди кулли фавтиҳо ба 420 нафар расидааст. Индонезия токунун 42 ҳазор озмоиши коронавирус анҷом додааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад