Афзоиши омори мубталоёни ба коронавирус дар Арабистон ба беш аз 7140 нафар

Манобеи хабарӣ, аз афзоиши омори мубталоёни ба коронавирус дар Арабистон хабар доданд.

Ба гузориши шабакаи “Алҷазира”, вазорати тандурустии Арабистон аз сабти 762 мавриди ҷадиди ибтило ба коронавирус хабар дод.

Бо сабти мавориди ҷадид, омори кулли мубталоёни ба коронавирус дар Арабистон то имрӯз ҷумъа ба ҳафт ҳазор ва 142 нафар афзоиш ёфт.

Вазорати тандурустии Арабистони саудӣ, ҳамчунин аз ҷон бохтани чаҳор мубталои дигар ва афзоиши фавтиҳо ба 87 нафар хабар дод.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад