Шикояти сокинони кишвар аз лимити барқ

Сокинони минтақаҳои мухталифи кишвар аз иҷроии маҳдудияти интиқоли барқ шикоят мекунанд, ки масъулон ин мавзӯъро ба баргузории корҳои таъмир дар хатҳои интиқоли барқ нисбат медиҳанд.

Сокинони минтақаҳои шимол, ҷануб ва марказӣ аз оғози лимити барқ шикоят мекунанд, ки чанд рӯз аст бидуни иттилоърасонии пешакӣ ба муштариён иҷроӣ шудааст.

Сокинони навоҳии вилояти Суғд эълон кардаанд, ки интиқоли барқ ба хонаҳои онон аз соати 23 шаб то 5 субҳ қатъ мешавад.

Инчунин дар 15 деҳаи бузурги ноҳияи Панҷакент дар вилояти Суғд аз саоти 8 субҳ то соати 20 шаб интиқоли барқ мутаваққиф мешавад.

Дар ноҳияи Турсунзода низ 10 рӯз аст, ки интиқоли барқ тайи соатҳое рӯзона ва шабона қатъ мешавад .

Тӯра Атамов, сардори Шабакаҳои барқии вилояти Суғд мегӯяд, ки корҳои таъмирӣ дар хатҳои баландшиддат, зеристгоҳҳои барқӣ бо мақсади саривақт омода кардани пойгоҳҳои обкашӣ ба мавсими киштукор ин вазъ пешомадааст.

Нозирҷон Ёдгорӣ, котиби матбуотии ширкати “Барқи тоҷик” мегӯяд, ки далели асосии қатъи барқ, корҳои таъмирӣ дар хатҳои баландшиддат, зеристгоҳҳои барқӣ мебошад, ки бояд барои фаолият дар фасли баҳор омода шавад.

Дар кишвар пас аз бист сол маҳдудияти интиқоли барқ ба бахшҳои хоноагӣ ва санотӣ аз соли 2018 лимити барқ ба поён расида буд, ки дар баҳори соли равон аз сар гирифта шуд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад