Шумори мубталоёни коронавирус дар ҷаҳон аз марзи 2 миллион нафар фаротар рафт

Шумори мубталоёни ба коронавирус дар ҷаҳон аз марзи ду миллион нафар низ фаротар рафтааст.

 

Ба гузориши сайти “Worldometers“, шумори мубталоёни ба коронавирус дар ақсо нуқоти ҷаҳон аз марзи ду миллион нафар низ фаротар рафтааст.

Дар аввали феҳристи кишварҳои осеб дида аз коронавирус, кишвари Амрико бо беш аз 600 ҳазор маврид ибтило ба коронавирус қарор дорад ва пас аз он низ кишварҳои Аврупоӣ аз ҷумла Испания, Италия, Фаронса, Олмон ва Англис ҳар як ба тартиб бо беш аз 174 ҳазор, 162 ҳазор, 143 ҳазор, 132 ҳазор ва 93 ҳазор мавриди ибтило ба коронавирус қарор доранд.

Ҳамчунин Амрико, бо беш аз 26 ҳазор марги ношӣ аз ибтило ба коронавирус дар ҷойгоҳи нахуст қарор дорад ва кишварҳои Италия, Испания, Фаронса ва Англис низ ба тартиб ба беш аз 21 ҳазор, 18 ҳазор, 15 ҳазор ва 12 ҳазор дар рутбаҳои баъди қарор доранд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад