Мубталоёни коронавирус дар Иморот ба 5 ҳазор нафар расид

Манобеи хабарӣ аз афзоиши омори мубталоён ба коронавирус дар Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, воқеъ дар соҳили халиҷи Форс хабар доданд.

 

Ба гузориши хабаргузории расмии “Иморот”, вазорати тандурустӣ ва пешгирии Иморот, аз сабти 412 мавриди ҷадиди ибтило ба коронавирус дар ин кишвар хабар дод.

Бо сабти мавориди ҷадид, омори мубталоён ба коронавирус дар Иморот ба 4933 нафар афзоиш ёфтааст.

Ин вазорат ҳамчунин аз беҳбуд ёфтани 81 мубталои дигар ва афзоиш беҳбудёфтагон ба 933 нафар хабар дод.

Омори фавтиҳо бар асари ибтило ба коронавирус дар Иморот ҳам 28 нафар эълом шудааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад