Талафоти коронавирус дар Амрико ба беш аз 23 ҳазор нафар расид

Оморҳои як хабаргузории ғарбӣ нишон медиҳад мизони маргу мири ноши аз ибтило ба коронавирус дар Амрико то рӯзи душанбе ба беш аз 23 ҳазор нафар расидааст.

Ба гузориши хабаргузории “Reuters“, дар ҳоле, ки мақомҳои Амрикоӣ бар ин боваранд, ки эҳтимолан бадтарин марҳалаи шуюи коронавирус дар ин кишвар тайи ҳафтаи ҷорӣ пушти сар гузошта мешавад, оморҳои “Reuters”, нишон медиҳад талафоти ноши аз ибтило ба ин вирус дар Амрико ба беш аз 23 ҳазор нафар расидааст.

Бар асоси ин гузориш, Иёлоти Муттаҳида, ки аз назари ҷамъиятӣ севумин кишвари бузурги ҷаҳон ба шумор меравад, болотарин талафоти ноши аз коронавирусро дар байни ҳамаи кишварҳо доштааст.

Теъдоди мубталоёни ба коронавирус дар Амрико низ ба беш аз 570 ҳазор нафар расидааст. Ин рақам дар кулли ҷаҳон то рӯзи душанбе ба 1.9 миллион нафар расидааст.

Теъдоди маргу мирҳо дар Амрико дар рӯзи якшанбе 1513 нафар эълом шуда, ки поинтарин рақам аз 6 апрел аст, ки 1309 маврид маргу мир сабт шуда буд.

Иёлати Нию-Йорк, бо 10 ҳазор фавтӣ болотарин мизони маргу мирро дар байни Иёлатҳои Амрико доштааст.

Иёлати Вайоминг, охарин Иёлти Амрико аст, ки расман нахустин мавриди фавтӣ бар асари ибтило ба коронавирусро гузориш додааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад