Кашмакаши Амрико ва Туркия бар сари “С-400”, идома дорад

Намояндаи Амрико дар "НАТО", ироаи ҳар навъи кӯмак ба Туркия дар мавзӯи Адлибро ба даст кашидани ин кишвар аз сомонаҳои падофанди русӣ марбут кард.

 

Ба гузориши хабаргузории “Спутник”, бо гузашти ҳудуди 9 моҳ аз таҳвили аввалин сомонаи падофанди мушакии “С-400”, тавассути Русия ба Туркия, Амрико аммо ҳанӯз аз фишори худ бар Анкара барои адами роҳандозии ин сомона, даст бар надоштааст.

Ба навиштаи ин хабаргузорӣ, “Кей Билли Хатчинсон”, намояндаи Амрико дар Созмони Паймони Атлантикаи Шимолӣ, “НАТО”, мегӯяд агар Туркия амалиёти кардани сомонаи падофанди С-400-ро канор бигузорад, Вашингтон низ эҳтимолан дар мавзӯи Адлиб ба кӯмаки ин кишвар биёяд.

Кей Билли Хатчинсон, дар гуфтугӯи кӯтоҳ бо хабарнигорон, бидуни ишора ба ҷузъиёти кӯмаке, ки Амрико ба Туркия хоҳад кард, тавзеҳ дод: «умедворем [давлати] Туркия сомонаи падофанди мушакии русиро дар кишвари худ қарор надиҳад. Ин кор, монеи ироаи бархе тавонмандиҳое аст, ки мо моилем ба онҳо дар мубориза бо ситезаҷӯӣ Сурия ироа кунем».

Вай дар идома афзуд: «мо мехоҳем минтақаи Адилб… муҳофизатшуда бошад ва ба назарам низомиёни Туркия низ бо он мувофиқ ҳастанд, онҳо талош мекунанд, ки ҳамин корро анҷом бидиҳанд».

Ин мақоми Амрикоӣ бо талош барои баргардондани раъйи Туркия аз русҳо, изҳор дошт: «умедворем Туркҳо, ки қурбони ситезаҷӯӣ Русия-Сурия ҳастанд, он сомонаи падофандиро, ки дар Анкара қарор дорад канор бигузоранд ва ба мо озодии амал бидиҳанд то ба онҳо кӯмак кунем ба сурати комил аз мардуми Сурия муҳофизат кунанд».

Пеш аз ин “Дмитрий Шогаев”, мудири ҳамоҳангии фаннӣ-низомӣ дар сервиси федерали Русия гуфта буд, Анкара ба имзои қарордоди харид дувумин сомонаи падофанди мушакии пешрафта аз Маскав наздиктар шудааст.

Таҳвили аввалин сомонаи С-400 ба Туркия дар ҳоле такмил шуд, ки вазорати хориҷаи Амрико пеш аз он таҳдид карда буд ҳар кишваре, ки аз Русия ин сомонаҳоро харидори кунад, таҳрим мешавад. Кохи Сафед низ тибқи лоиҳаи будҷаи низомии 2020, мукаллаф аст Туркияро то поёни сол ба сурати комил аз барномаи тавлиди муштараки “F-35”, канор бигузорад ва ҳатто таҳвили мобақии ҷангандаҳои харидори шударо низ таълиқ кунад.

Ин дар ҳоле аст, ки масъулони низомӣ ва дипломатики Амрикоӣ аз ҷумла “Майк Помпео”, вазири хориҷа ва “Вилям Берн”, муовини раиси ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳ, чанде пеш аз оғози озмоиши С-400 дар Туркия шадидан ибрози нигаронӣ карда буданд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад