Аввалин ҷашнвораи байналмилалии филми “Душанбе”, ба таълиқ даромад

Баргузори нахустин ҷашнвораи байналмилалии филм "Душанбе", ба далели шуюи коронавирус ба таълиқ даромад.

 

Ба гузориши ин ҷашнвораи байналмилалӣ, замони баргузории нахустин ҷашнвораи байналмилалии филми “Душанбе”, ки қарор буд дар моҳи апрел дар пойтахти Тоҷикистон баргузор шавад, тағйир кард.

Муассисаи давлатии “Тоҷик филм”, бо эъломи ин хабар гуфт: ин тасмим тавассути кумитаи тадорукоти ин ҷашнвора ва бо ҳамоҳанги бо давлати Тоҷикистон бо таваҷҷӯҳ ба шуюи коронавирус дар ҷаҳон гирифта шудааст.

Бинобар ин гузориш, ҷашнвораи филми “Душанбе”, то тасбити вазъият ва барқарории иртиботи ҳавоӣ ва заминӣ байни кишварҳои ҷаҳон ба таълиқ даромадааст.

То замони пазириши филмҳо барои ҷашнвораи байналмилалии филми “Душанбе”, беш аз 85 дархост аз 30 кишвари мухталифи ҷаҳон пешниҳод шудааст.

Ҳайати ин ҷашнвора қабл аз баргузор шудани он, асомии филмҳоеро, ки барои мусобиқа пешбинӣ мешаванд, эълом хоҳад кард.

Замони дақиқи баргузории мусобиқаи филм, баъдан аз тариқи расонаҳо эълом хоҳад шуд.

Интизор меравад, ки дар ин ҷашнвора, ки давлати Тоҷикистон, ниҳодҳои иҷроӣ шаҳрдори Душанбе ва муассисаи давлатии “Тоҷик филм”, созмон диҳандагони аслии он ба шумор мераванд, меҳмонон ва филмсозон аз кишварҳои узви ҷомеаи муштаракулманофеъ, созмони ҳамкории Шанхай ва ҳамчунин хоҳархондагони шаҳри Душанбе ширкат кунанд.

Ҷашнвораи байналмилалии филми Душанбе, ба ифтихори рӯзи пойтахт ва тақвияти ҳамкории филмсозони Тоҷикистон ва ошноӣ мухотабони тоҷик бо дастовардҳои синмои ҷаҳон ҳар 2 сол як бор баргузор мешавад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад