Талоши Вашингтон барои фурӯпошии Ироқ

Бо баррасии ҳаводиси соли 2018 ба ин су метавон дарёфт, ки Вашингтон талоши бисёре кард то давлати марказии Ироқ таҳти ҳар шароите ташкил нашавад ё ба марзи фурӯпошӣ расида ва давлати мустақар канор равад.

Дар ибтидо бо эълони хатарҳои амниятӣ ва эҳтимоли бомбагузорӣ талош кард то сатҳи мушорикат коҳиш ёбад ва баҳонае барои таблиғот алайҳи давлати марказӣ шакл гирад.

Бо ин ҳол ҳануз натоиҷи интихоботи Ироқ қатъӣ нашуд, ки расонаҳои амрикоӣ иддаои тақаллуби густарда дар интихобот шуданд ва давоми чанд соат маркази нигаҳдории раъйҳои дарёфтии дастӣ оташ гирифт! Бо ин ҳол дар ҳар шароите буд гурӯҳҳои ироқӣ ба ин ҷамъбандӣ расиданд, ки набуди давлат метавонад кишварро дучори мушкилоти умдае аз ҷумла бозсозии ДИИШ ва афзоиши ҳамлаҳои террористӣ мувоҷеҳ созад. Дар чунин шароите давлати Одил Абдулмҳадӣ ба унвони намояндаи фироксиюн аксарияти интихоб шуд ва зарфи як сол тавонист таодуле ҳам эҷод кунад.

Аммо дасисаҳо ва таҳрики ҷавонон барои барандозии нарм ва сахт, ки баъдҳо бо титри “Jocker” дар Ироқ машҳур шуд фазои кишварро ба як буҳрон наздик сохт ва мерафт Ироқ вориди як ҷанги тоифаӣ ва сиёсӣ шавад. Буҳроне, ки бисёр бадтар аз буҳрони 2014 ДИИШ буд ва метавонист кишварро ҳамонанди Сурия ба сӯи як ҷанги дохилӣ ва қудрат савқ дода ва дар ниҳоят аз фазо ва камбуди сиёсӣ, гурӯҳҳои террористӣ барои тасаллут бар хоки Ироқ истифода кунанд. Дар ин шароит нахуствазири Ироқ ба тавсияи марҷаият аз қудрат канор рафт то нафари ҷойгузин интихоб шавад. Бо ин ҳол фироксиюн аксарият дар маҷлис дар ҳоли гуфтугӯ буд, ки гузинаи Вашингтон аз сӯи раисҷумҳур бар хилофи қонуни асосии Ироқ ба маҷлис муаррифӣ шуд. Дар қонуни асосии Ироқ омадааст, ки нахуствазир мебоист аз сӯи фироксиюни аксарият ба раисиҷумҳур муаррифӣ шавад.

Интихоби Зурфӣ таниши ҷадиди амрикоиҳо бо давлатмардон ва гурӯҳҳои сиёсӣ ва дар ниҳоят шурӯи тарҳи фурӯпошии Ироқ аз дарун буд. Аҳзоби ироқӣ муддаӣ ҳастанд ба далели эътимоде, ки мардуми Ироқ ба онҳо доштанд мебоист аз қонуни асосии посдорӣ кунанд ва намояндаи фироксиюни аксарият ба раисиҷумҳур барои вазифаи нахуствазирӣ муаррифӣ шавад. Дар ин байн интишори асноди ҳамкории Зурфӣ бо амрикоиҳо дар бораи саркӯби мухолифони ишғолгарӣ дар соли 2003 дар Наҷаф сабаби афзоиши нигаронӣ дар миёни тамоми мардум шуд. Аз сӯи дигар таҳаррукоти ахири Амрико дар Ироқ афзоиш ёфтааст.

Гузоришҳо ҳокӣ аст даҳҳо парвоз аз сӯи неруҳои амрикоӣ бидуни ҳамоҳангӣ бо артиш ва нахуствазири пешбурди умур дар ин кишвар анҷом шуда ва садҳо тонна таслиҳот ва сомонаҳои дифоӣ ба пойгоҳҳои мухталифи Ироқ аз ҷумла Айнуласад мунтақил шудааст. Гузоришҳои мақомоти амниятии Ироқ нишон медиҳад амрикоиҳо ба давлати Ироқ барои ҳамла ба неруҳои муқовимати узви Ҳашдушшаъбӣ хабар дода ва бояд мунтазири ин ҳамлаҳо бошем. Карим Аливи, узви комиссияи амнияти миллии маҷлиси Ироқ, ҳадафи аслии таҳаррукоти ахири Амрико дар хоки Ироқро фишор барои нахуствазир шудани Аднон Зурфи донист. Дар ҳақиқат ин тағйирот барои ҳадаф қарор додани неруҳои муқовимат ва коҳиши сатҳи мушорикати аҳзоби сиёсии Ироқ дар интихоби нахуствазири ин кишвар мебошад.

Ироқ дар ҳоле ба сарнавишти Афғонистон наздик мешавад, ки Вашингтон барои Кобул раисҷумҳур интихоб мекунад ва низоми мардумсолорӣ дар ин кишвар ҳеҷ арзиш ва ҷойгоҳе надорад ва орои интихоботӣ қарор нест аҳамияте дошта бошад. Аз сӯи дигар Амрико бо эъмоли фишор ба Бағдод барои ҳазфи Ҳашдушшаъбӣ ва ҳатто шаҳодати ноибраиси ин неруи низомии Ироқ ва ҳамла ба пойгоҳҳои артиш, полис ва чандин маркази ғайри низомӣ ҳамонанди фурудгоҳи байналамилалии Карбало, нишон дод барои коршиканӣ ва расондани давлати Ироқ ба марзи фурӯпошӣ барномарезии густардае дорад.

Ончи дар Ироқ ва фаъолияти расмии Кохи сафед мушаххас аст, афзоиши мавҷи расонаӣ перомуни ҳамлаи қарибулвуқуъ дар Ироқ аст. Кохи сафед медонад ҳамла ба марказҳои Ҳашдушшаъбӣ дар шароите, ки авзои сиёсӣ беш аз пеш дар Ироқ дучори сардаргумӣ ва ошуфтагӣ аст ҳарчанд дастовардҳои кӯтоҳ муддате барои Пентагон хоҳад дошт, аммо муҳаррики аслӣ як иқдоми низомӣ ва амнияти дифоии мардуми Ироқ барои поён додан ба фоҷиаи ишғоли ин кишвар аз соли 2003 аст. Ҳамонтавр ки пас аз фатвои соли 2014 ва ташкили Ҳашдушшаъбӣ касе тасаввур намекард гурӯҳи ваҳшӣ ва ҷинояткоре чун ДИИШ ин гуна шармовар аз Ироқ ихроҷ шаванд ва дарҳам шиканд.

Бояд мунтазир монд ва дид оё Кохи сафед риски амалиёт дар Ироқро мепазирад ё сирфан бо мавҷи расонаӣ талош дорад то Зурифиро бар хилофи хости парлумон ба онҳо таҳмил кунад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад