Нигоҳе ба равандҳо, рӯйкардҳо ва фаъолиятҳои ҲНИТ

 Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз кишварҳои исломии форсизабон аст, ки беш аз 90 дарсади ҷамъияти 9 миллион нафарии ҷумҳуриро мусулмонон ташкил медиҳанд.

Аз ин байн ҳам беш аз 90 дарсад аҳли суннат ва пайрави мактаби фиқҳи ҳанафӣ мебошанд. Тоҷикистон аз сӯи дигар, дар фазои пас аз Шӯравии собиқ барои муддатҳо танҳо кишваре буд, ки дар он аҳзоби исломӣ муҷаввизи қонунии фаъолият доштанд ва дар парлумони ин кишвар ҳам намояндагони аҳзоб ва ҷараёнҳои исломгаро ҳузур доштанд. Дар ҳақиқат, ҲНИТ боризтарин ва танҳо ҳизби исломгарои Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ аст, ки аз давраи Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ шакл гирифт ва ҳамакунун ҳам фаъолият дорад. Решаи ин озодии нисбӣ ҳам дар таҳаввулоти сахт ва хунини даҳаи 1990 мелодӣ, ки дар ниҳоят сабаи ҷанги дохилӣ ва муқовимати исломгароён ва миллигароҳо дар баробари коммунистҳо шуд, қарор дорад. Бо ин ҳол аз соли 2015 ба баъд, ҳамзмон бо мамнуъ эълон шудани ҲНИТ, маҳдудиятҳои густардае дар ин ҷумҳурии кӯчаки форсизабон эъмол гардид.

Дар ҳамин бора, мусоҳибаеро бо Муҳаммадҷон Кабирӣ, ёвари раҳбари ҲНИТ шакл додаем. Вай донишомӯхтаи соҳаи улуми сиёсӣ аз донишгоҳи Фирдавсии Машҳад, ва ҳамчунин донишомӯхтаи соҳаи мутолиоти минтақаӣ (гароиши Шӯравии собиқ) аз Донишгоҳи давлатии омӯзгории Маскав аст. Дар ҳоли ҳозир вай муқими кишвари Полша (Лаҳистон) буда ва дар ҳавзаи ҳуқуқи башар фаъолият дорад ва ҳамзамон мудири бунёди ҳамгароии фарҳангӣ дар Полша мебошад.

 Ҷараёни ҲНИТ реша дар давраи Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ дорад. Лутфан дар боари заминаҳои шаклгирӣ ва таквини ин ҷараён дар он замон тавзеҳ диҳед.

Фикр кунам барои посух ба ин суол мебоист ибтидо нигоҳе ба қабл аз инқилоби коммунистӣ дар соли 1918 биандозем. Ибтидо бояд ба нақши муҳим ва таъсиргузори забони форсӣ ишора кард. Осиёи Марказӣ дар он давра тақрибан аз 3 амирнишин ташкил шуда буд. Яке аз онҳо амирнишини Бухоро буд, ки амири Оламхон дар он ҳукмронӣ мекард ва ду амирнишини дигар низ Хайва ва Хуқанд буданд. Забони расмии ҳама ин иморатҳо форсӣ буд. Дар ҳақиқат метавон гуфт, забони расмии диндорӣ ва ислом дар минтақа ҳам форсӣ буд. Ин нақш ва нуфуз ба ҳадде буд, ки дар умури ибодии минтақа, ҳатто дар Чин, дар манотиқи Туркистони шарқӣ, забони мазҳабӣ, ин форсӣ буд. Ин масъала ҳам реша дар футуҳоти давраи Сомонӣ дорад. Дар бархе манобеи таърихӣ ҳатто зикршуда, ки дар он замон ният кардан дар намоз ҳам ҳатто ба забони форсӣ анҷом мешуд.

Машҳуртарин амирнишини минтақа низ Бухоро буд, ки Тоҷикистони имрӯзӣ низ дар он замон ба унвони Бухорои шарқӣ маҳсуб мешуд. Минтақаи амирнишини Бухоро дар он замон таҳти нуфузи Русияи тезорӣ буд, аммо ба ҳар ҳол худмухтории нисбӣ дошт. Дар охирҳои фурӯпошии иморати Бухоро, як ҷараёне ба исми Ҷадидия дар минтақа ва бо меҳварияти амирнишини Бухоро шакл гирифт. Ин ҷараён ҳамзмон бо ҷараёнҳои дигар дар ҷаҳони Ислом аз сӯи равшанфикрони мусулмон аз ҷумла Сайидҷамолуддини Асадободӣ (афғонӣ) ва Муҳаммад Абдуҳ, ё Муҳаммадиқболи Лоҳурӣ дар Ҳинд ва Покистон буд. Ин ҷараён низ дар талош буд бо таҷаддудгароии исломро аз пасрафт наҷот бидиҳад. Аз ҷумла боризтарин чеҳраҳои Ҷадидия дар он замон Аҳмад Дониш ва Исмоил Госпирински буданд. Талоши аслии Ҷадидия дар он замон ин буда, ки зиндагии мардумро аз хурофаҳо дур карда ва мардумро ба омӯзиши улуми таҷрибӣ ва муҳандисӣ ва… ташвеқ кунанд. Аммо бо инқилоби коммунистӣ ин ҷараён шикаст хӯрд.

Баъд аз ин масоили дигаре низ дар минтақа ҳодис шуд, ки шояд муҳимтарини онҳо тақсимоти ҷуғрофиёии ҷадид бошад. Коммунистҳо барои решакан кардани боварҳои исломӣ аз зиндагии мардум, аввалин коре, ки карданд ин буд, ки ба меросдорони ислом дар минтақа ҳеҷ саҳме надоданд. Яъне аз қабоиле, ки собиқаи таърихӣ надоштанд, миллат сохтанд ва аз сӯи дигар талош карданд ақвоми қадимии минтақаро ҳазф кунанд.

Коммунистҳо чанд сиёсатро дар ин байн пайгирӣ мекарданд. Нахуст, тақсимоти ҷадиди ҷуғрофиёӣ барои ба вуҷуд овардани миллатҳои ҷадид. Масалан қирқизҳо ва қаззоқҳоро ду миллат карданд, дар ҳоле, ки инҳо ба лиҳози таърихӣ ба ҳам наздик ва тақрибан аз як қабила буданд. Узбакҳо бо тоҷикон собиқаи тӯлонии ҳамзистӣ доранд, вале шаҳрҳои бузурги тоҷик, ки ба навъе фарҳангӣ ва тамаддунӣ ҳам буданд, монанди Самарқанд ва Бухороро гирифтанд ва ба узбакҳо доданд. Дар он замон Тоҷикистон ҳеҷ вуҷуди хориҷӣ надошт ва ҷузъи Узбакистон ба ҳисоб меомад. Баъдҳо бо гузашти беш аз як даҳа аз инқилоби коммунистӣ, дар ниҳоят дар соли 1929 ба унвони як ҷумҳурии мустақили узв Шӯравии собиқ ба истиқлол расид. Тоҷикистон дар он замон ҷамъияти хеле каме дошт ва баъдҳо Хуҷанд ба он изофа шуд, ки шояд пешрафтатарин шаҳри Тоҷикистон маҳсуб мешуд. Манотиқи дигари Тоҷикистон ҳам кӯҳистонӣ, дурдст ва тавсеанаёфта буданд. Як шаҳри кӯчаке буд ба номи Ҳисор ва Душанбе ҳам, ки як деҳкадае буд тақрибан. Аммо коммунистҳо аз он пойтахт сохтанд.

Кори дигаре, ки коммунистҳо анҷом доданд, маҳви забони форсӣ ва тағйири алифбои форсӣ ба кирилӣ буд. Ин низ бо ҳадафи қатъи иртиботи мардум бо тамаддун, фарҳанг ва дини ҳазор солаи онҳо сурат гирифт. Куштори ҷамъии олимон ва равшанфикрон низ дар дастури кори онҳо қарор гирифт. Ҳар касе, ки Ҳофиз, Саъдӣ ва ё Қуръонро метавонист аз ҳифз бихонд, ҳамаро ба қатл расонданд ва ё ба Сибир табъид мекарданд. Бо сипарӣ шудани давраи хунини саркӯби Сталин ва баъд аз ҷанги ҷаҳонии дувум, ки хеле аз мардум дар ҷанг кушта шуданд ва баъд аз он ҳам бисёре дар қаҳтии баъд аз ҷанг. Аз ҳудуди даҳаи 1960 ором ором вазъият ба ҳолати оддӣ бозгашт ва дар даҳаи 1970 мардум аз озодиҳои нисбӣ бархурдор шуданд. Албатта бояд гуфт озодӣ набуд, аммо ба ҳар ҳол давраи пасоҷанг ва албатта баъд аз Сталин буд. Дар ин давра ҷараёнҳои равшанфикрӣ ва исломӣ ором ором шурӯъ ба зуҳур карданд.

Дар соли 1973 аз тарафи 5 ҷавонӣ бо меҳварияти марҳум Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, як ҷамъ аз фаъолони исломӣ шакл гирифт. Дар ин ҷамъ ҷавонтарин фард 18 сола буд ва бузургтаринашон камтар аз 30 сол буд. Ин ҷамъ бо ҳадафи эҳёи фарҳанг, ҳувият ва омӯзаҳои исломӣ иқдом ба таъсиси маҷмӯае карданд, ки баъдан ба наҳзати исломӣ шӯҳрат ёфт. Ҳадафи авалияи онҳо тадрис ва таълими улуми исломӣ буд, ки ба сурати ҳалқаӣ сурат мегирифт. Аслитарин меҳварҳои ин амр низ қироати Қуръон ва омӯзиши алифбои арабӣ ва пайдо кардани матнҳои исломӣ буд. Ин низ ба сурати махфиёна ва маҳрамона, барои муҳофизат ва махфӣ мондан аз неруҳои амниятии Шӯравӣ (маъруф ба КГБ) анҷом мегирифт. Дар даҳаи 1980 ва ба дунболи сиёсатҳои Мехаил Горбачов, ин ҷараён ва фаъолиятҳои он ба авҷи худ мерасад. Намуди ин мавзӯъ роҳ ёфтани ин ҷараёни исломӣ ба таҷаммӯъҳо ва муносибатҳое ҳамчун идҳо, маросими азо, арӯсӣ ва сӯгавориҳо буд. Бисёре аз рӯҳониён ва ҷавонони равшанфикри исломӣ дар ин маросимҳо даъват мешуданд ва дар ин минбарҳо буданд. Ин раванд то замони фурӯпошӣ идома ёфт.

 Баъд аз истиқлол аз Шӯравӣ вазъияти Наҳзати исломӣ дар Тоҷикистон читавр пеш рафт, ки ҷанги дохилӣ миёни исломгарён ва дигар гурӯҳҳо бо неруҳои вобаста ба коммунистҳо ба вуқӯъ пайваст?

Баъд аз истиқлол аз Шӯравӣ, ҷараёни Наҳзати исломӣ яке аз ҷараёнҳи ҷиддии ислоҳталаб ва истиқлолталаб буд. Бозгашт ба ҳувияти аслӣ ва расмият бахшидан ба забони форсӣ аз авлавиятҳои наҳзат дар солҳои охири умри Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ, яъне солҳои 1989 то 1990 буд. Дар ин давра ҷараёне барои бозгашти забон ва алифбои форсӣ дар Тоҷикистон шакл гирифт. То ин замон забони расмӣ дар идораҳо ва марказҳои расмии Тоҷикистон забони русӣ буд. Дар ин давра ба нишонаи эътироз дар идораҳои давлатӣ ва бемористонҳо ва донишгоҳҳо ва ҳар ҷое, ки ҳизби коммунист нуфузаш камтар буд ва ҷараёнҳои ҳувиятталаб тақвият шуда буданд. Аз ҷумла ин ҷараёнҳо ва гурӯҳҳо метавон ба наҳзати ҷавонони мусулмон, ҳаракати растохез ва лаъли Бадахшон ишора кард, ки нақши муҳиме дар муборизаҳои расмият бахшидан ба забони форсӣ доштанд, ки тақрибан муваффақ ҳам буд.

Баъд аз истиқлол, маҷмӯаи ин гурӯҳҳо, ба илова Ҳизби демократ, бо ҳузури неруҳои ҳоким, давлати мусолиҳаи миллиро ташкил доданд, ки барои 6 моҳ вазифаи ҳукумат дар кишварро ба ӯҳда дошт. Аммо коршикании Русия ва Узбакистон, иҷозаи идомаи кор ва фаъолияти ин давлатро надод. Пас аз кашмакишҳои фаровон дар Душанбе ва замоне, ки дар пойтахт натиҷае ҳосил нашуд, дар шаҳри Хуҷанд бо ҳимояти ду кишвари мазкур ҷаласае баргузор гардид ва Эмомалӣ Раҳмон, ба унвони раиси шӯрои Тоҷикистон интихоб шуд. Чун дар он замон пойтахт дар дасти мухолифон буд. Баъд ҳам бо кумаки Узбакистон ва тонкҳои Русия вориди пойтахт шуданд, мардуми мухталифро мусаллаҳ карданд ва натиҷаи он оғози ҷанги дохилӣ буд.

Ин ҷанг мутаассифона сабаби овора шудани беш аз як миллион ва кушта шудани ҳудуди 100 то 150 ҳазор нафар аз мардум шуд. Хеле аз мардум дар он замон ҳангоми фирор ба Афғонистон дар рӯдхонаи Омударё ғарқ шуданд, хеле аз мардум аз сармо талаф шуданд ва хелеҳо низ аз сӯи неруҳои мавриди ҳимояти Узбакистон ва Русия, ки ҳамон Ҷабҳаи Халқ буданд, ба қатл расиданд. Як поксозӣ аз намояндагони мухолифон, хусусан аз касоне, ки тарафдори демокрасӣ, озодӣ ва ислом буданд сурат гирифт. Масалан дар Бадахшон, водии Рашт дар атрофи Душанбе, ё Қурғонтеппа, ки ҳомиёни мухолифон онҷо буданд, аз сӯи неруҳои мавриди ҳимояти Русия ва Узбакистон мавриди қатл ва ғорат сурат гирифт. Ҳамин низ сабаб шуд, ки мардум аз тарс ба Афғонистон ва кишварҳои дигар фирор кунанд.

Дар ниҳоят пас аз чанд сол ҷанги дохилӣ бо миёнҷигарии Эрон, Русия, Созмони Милал, Афғонистон бо нақши вежаи шаҳид Аҳмадшоҳ Масъуд ва устод Раббонӣ, ва дигар кишварҳои ҳамсоя ба музокироти сулҳ расид. Сулҳ байни ҳукумат ва Иттиҳоди неруҳои мухолифон тоҷик дар тобистони 1997 дар шаҳри Маскав ба имзо расид ва бари асоси он 30 дарсад аз мансабҳои ҳукуматӣ бояд ба мухолифон дода мешуд ва Раҳмон ба унвони раисҷумҳур боқӣ мемонад.

 Дар давраи пас аз сулҳ, оё метавон як дастабандии мушаххас аз ҷараёнҳои исломӣ дар Тоҷикистон ироа кард?

Баъд аз созишномаи сулҳ ҷараёнҳои исломӣ мухталифе дар Тоҷикистон фаъол буданд. Аввалин ва муҳимтарин ҷараён, ки намояндаи исломӣ-сиёсӣ ҳам буд, ҳамин Ҳизби наҳзати исломӣ аст. Иттифоқан баъд аз сулҳи Наҳзат тавонист ба як ҳизби миллӣ бадал бишавад, ки дар саросари Тоҷикистон, ва дақиқтар дар 62 ҳавзаи минтақаии кишварӣ дафтарҳои худро дошт. Аз як ҳизб маҳаллӣ ва ҷараён хосс ба як ҳизб милли фарогир табдил шуд. Ҳатто ба манотиқе монанди Хатлон, ки қаблан маҳалли нуфузи неруҳои тарафдори Раҳмон буд ҳам нуфуз пайдо кард ва низ дар манотиқи шимолӣ, ки русгаро буданд хеле ҷонибдор пайдо кард.

Дар ниҳоят пас аз чанд сол ҷанги дохилӣ бо миёнҷигарии Эрон, Русия, Созмони Милал, Афғонистон бо нақши вежаи шаҳид Аҳмадшоҳ Масъуд ва устод Раббонӣ, ва дигар кишварҳои ҳамсоя ба музокироти сулҳ расид. Сулҳ байни ҳукумат ва ИНОТ дар тобистони 1997 дар шаҳри Маскав ба имзо расид ва бар асоси он 30 дарсад аз мансабҳои ҳукуматӣ бояд ба мухолифон дода мешуд ва Раҳмон ба унвони раисҷумҳур боқӣ мемонад.

Аз ҷараёни дигари исломӣ, мусулмонони суфимашрабро дорем. Илова бар ин, аз баракати марҳалаи сулҳ ва истиқлол, ҷавонони тоҷик баъд аз 70 сол муҳосира фурсат пайдо карданд барои таҳсил ва фарогирии улуми исломӣ ба кишварҳои ҷаҳони ислом сафар кунанд ва баъд аз таҳсил таҳти таъсири андеша ва мазҳаби кишварҳои мизбон қарор гирифтанд. Дар натиҷа як қисмате аз мардум ба ҷараёни салафия, ки аз сӯи Арабистони Саудӣ ҳимоят мешуданд, гароиш пайдо карданд. Инҳо ҳам дар баданаи мардум хеле фаъол буданд. Дар давлат ҳам албатта нуфуз доранд. Алон раиси Кумита динро мебинед, ки донишомӯхтаи Арабистони Саудӣ аст. Муфтии Тоҷикистон ҳам донишомӯхтаи Покистон аст. Инҳо аз бониҳои аслии салафия дар Тоҷикистон маҳсуб мешаванд. Шиъаёни исмоилия ҳам гурӯҳи дигаре бо меҳварияти минтақаи Бадахшон ҳастанд, ки дар умури динӣ аз имомашон, Оқохон пайравӣ мекунанд. Оқохон ҳам баъдҳо муваффақ шуд дар Душанбе як маркази исмоилия, ки ибодатгоҳи модерн ва пешрафтае аст, таъсис кунад. Исмоилиҳо бештар байни фаъолиятҳои сиёсӣ ва динияшон тафкик қоиланд.

Аз шиъаёни дувоздаҳимомӣ тақрибан ва расман чизе вуҷуд надорад. Аммо дар натиҷа равобит бо Эрон тайи солҳои баъд аз истиқлол, иддае гароиш ва тамоюлот ба шиъаи дувоздаҳмимоӣ пайдо карданд. Таҳсилоти шуморе аз онҳо дар ҳавзаҳои таҳсилии Эрон, махсусан Қум бисёр таъсиргузор буд. Аз ҷумла аз дастовардҳои ин ҷараён, оқои Тоҷиддин аст, ки донишомӯхтаи Қум буда ва раиси танҳо Донишгоҳи исломии Тоҷикистон аст. Алон беш аз 6-7 сол аст, ки дар онҷо аст. Албатта будани эшон дар мудирияти ин донишгоҳ, бештар ба ҳамшаҳрӣ будан ва равобити хонаводагии вай бо раисҷумҳур муртабит аст ва на мазҳаб. Вале ба ҳар сурат эшон донишомӯхтаи Қум аст ва гароиш ба мазҳаби шиъа дорад.

 Рӯйкарди Ҳизби наҳзати исломӣ дар қиболи ин равандҳо қабл аз сулҳ ва пас аз он чигуна будааст?

Ҷараёни Наҳзати исломӣ дар давраи Шӯравӣ, асли ҳадафаш задудани хурофаҳо аз дин буд. Ба ҳамин далел ҳам аз ибтидо мухолифатҳое аз сӯи ду гурӯҳ, суфиҳо ва коммунистҳо нисбат ба он ворид мешуд. Дар марҳалаи қабл аз истиқлол, наҳзат бештар як ҷараёни равшангар ва муслеҳ ва тарафдори исломи ноби Муҳаммадӣ(с) ба ҳисоб мерафт. Баъд аз истиқлол ҳам ин раванд то ҳудуде идома ёфт. Дар ин давра ҳам барчасбҳое назири ваҳобӣ будан аз сӯи давлат ва баъзан суфиҳо ба наҳзат зада мешуд.

Дар давраи баъд аз сулҳ, наҳзат равобити солим ва нек бо исмоилия ҳам албатта дошт. Дар шӯрои сиёсии наҳзат ва дар баданаи наҳзат ҳам исмоилия фаъол буданд ва ҳастанд. Ҳамчунин ба хотири ҳизби сиёсӣ буданаш, бо дигар ҷараёнҳои исломӣ дар дохил ва хориҷ дар тамос буд. Монанди Ҷумҳурии Исломии Эрон, Саудӣ, Покистон, Афғонистон ва ҷараёни Ихвонулмуслимин, наҳзати исломии Тунес, Ҳизби адолат ва тавсеа ва Ҳизби саодати Туркия ва инчунин ҷараёнҳои исломии шимоли Африқо (Судон, Алҷазоир, Мағриб).

Ба хотири ҳамин ҳукумат ҳамеша талош мекард бо таваҷҷуҳ ба ин вазъият, иттиҳомотеро матраҳ кунанд. Масалан мақомоти Тоҷикистон дар мулоқотҳои худ бо мақомоти Эрон Ҳизби наҳзатро як ҷараёни салафӣ, ки аз ҷониби кишварҳои Халиҷ ва Амрико ҳимоят ва таъмини молӣ мешавад муаррифӣ мекарданд ва дақиқан дар мулоқотҳо бо масъулони кишварҳои Халиҷ ва Саудӣ наҳзатро як ҳизби вобаста ба Эрон нишон мидоданд ва ҳамеша талош мекарданд бо чунин шайтанатҳое кишварҳои дигарро мутақоид бисозанд, ки наҳзат як ҳизби ифротӣ ва вобаста ба кишварҳои дигар аст, на як ҷараёни миллии исломии бумӣ ва аз дили мардум берун омада.

Равобит бо Эронро барои кишварҳои ҳавзаи Халиҷи Форс мегуфтанд, ва барои Эрон наҳзатро салафӣ ва ваҳобӣ ҷилва медоданд. Бо кишварҳои ғарбӣ ҳам ба шакле дигар, наҳзатро вобаста ба Эрон нишон медоданд. Аммо худ наҳзат як нигоҳи мутавассит ва миёна ва равобити созанда бо ҳамаи ҷараёнҳо ва кишварҳои исломӣ ва ҳатто ғайри исломӣ дошт. Дар интихоботҳои ахир мебинед, ки ҳатто афроди коммунист ва ҳатто ғайритоҷик монанди ақаллияти кореяӣ ва рус ба наҳзат раъй медоданд. Нигоҳи наҳзат созанда буд, аммо салафиҳо ба ҳар ҳол абзори дасти давлат буданд барои саркӯби наҳзат.

Ҳукумат ҳамеша талош мекард бо таваҷҷуҳ ба ин вазъият, иттиҳомотеро матраҳ кунанд. Масалан мақомоти Тоҷикистон дар мулоқотҳои худ бо мақомоти Эрон Ҳизби наҳзатро як ҷараёни салафӣ, ки аз ҷониби кишварҳои Халиҷ ва Амрико ҳимоят ва таъмини молӣ мешавад муаррифӣ мекарданд ва дақиқан дар мулоқотҳо бо масъулони кишварҳои Халиҷ ва Саудӣ наҳзатро як ҳизби вобаста ба Эрон нишон медоданд.

 Дар солҳои ахир вазъияти ислом ва исломгароӣ дар Тоҷикистон бо маҳдудиятҳои мувоҷеҳ шудааст. Лутфан дар бораи абъоди ин маҳдудиятҳо тавзеҳ бидиҳед.

на фақат ислом ва исломгароӣ, балки дар умум вазъияти мусулмонон баъд аз истиқлол ва сулҳ беҳбуд чандоне пайдо накардааст. Тоҷикистон аввалин коре, ки дар дувумин сол пас аз сулҳ кард, манъи рафтани бонувон ба масҷидҳо буд. Баъд аз он манъи пахши азон аз баландгуҳо бо истидлол музоҳимат барои сокинон буд, ва тақрибан баъд аз чанд сол тарҳеро тасвиб карданд барои пешгирӣ аз ифротгароӣ, ки рафтани ҷавонони зер 18 сол ба маконҳои мазҳабӣ ва масҷидҳоро мамнуъ эълон карданд. Ба ҷуз қабристон ва маросими сӯгаворӣ ва азодорӣ дигар ҷавонон наметавонистанд ба маконҳои мазҳабӣ бираванд. Инҳо ҳақ надоранд масҷид рафта ва намоз бихонанд ва агар чунин шавад, волидайни онҳо муҷозот мешаванд.

Ҳамчунин ҳиҷоб ҳам аз ҳамон авал маҳдуд шуд, аввал дар мадрасаҳо манъ карданд, баъд дар донишгоҳҳо ва ахиран ҳам дар тамоми идораҳои давлатӣ ва бемористонҳо ҳузур бо ҳиҷоб мамнуъ шуд. Ҳатто мавориде аз муқобила бо ҳиҷоб дар хиёбонҳо ҳам мушоҳида мешавад. Полис ва ниҳоди кор бо бонувон дар кӯча ва бозорҳои Тоҷикистон машғули мубориза бо ҳиҷоб ҳастанд ва раиси ҷумҳури Тоҷикистон занони ҳиҷобпӯшро бесавод, ақабмонда ва пайрави фарҳанг ва тамаддуни бегона хитоб кард. Истгоҳҳои полис бо хонумҳои сатрпӯш хашин ва таҳқиромез бархурд мекунанд. Ин маҳдудиятҳо боис шуд, ки хеле аз духтарони тоҷик бесавод бимонанд ва ба хотири ҳиҷоб ба мадраса ба донишгоҳ нараванд ва аз ширкат дар зиндагии иҷтимоӣ маҳрум бимонанд.

Ҳатто дар интихоби номҳо ҳам маҳдудиятҳои зиддиислом, барои интихоби номҳои исломӣ ва динӣ эъмол шудааст. Ҳатто дар масъалаи издивоҷ ҳам маҳдуд кардани издивоҷ бо бархе ақвом назири духтари хола ва духтари аму ҳам контролҳое эъмол шудааст. Ахиран ҳам доштани риш ва зоҳири исломӣ барои зан ва мард бо фишор ва таъқиб мувоҷеҳ мешавад.

Дар ҳамин давра беш аз 2000 масҷид ё тахриб шуданд ё табдил ба марокизи фарҳангӣ ва рифоҳӣ барои сокинони минтақа ва ҳатто баъзан тарабхона табдил шуданд. Ҳавзаҳои илмия ҳам бо вазъияти мушобеҳ мувоҷеҳ шуданд. То соли 2010 дар умдаи манотиқи Тоҷикистон мадраса (ҳавзаҳои илмия) таътил шуданд ва ҳоло барои 9 миллион шаҳрванди Тоҷикистон танҳо як Донишгоҳи исломӣ вуҷуд дорад.

 Реша ва омили аслии ин маҳдудиятҳоро дар кадом масъала мебинед?

Табиатан мушкилот бо исломи сиёсӣ бисёр амиқтар аст. Ҳизби наҳзати исломӣ муҳимтарин неруи мухолифи давлат буд, ки дар соли 2015 бо тақаллуби густарда аз вуруд ба парлумон манъ шуд ва 5-6 моҳ баъд дар сентябри 2015 фаъолияти ҳизб мамнуъ шуд ва онро террористӣ ва ифротӣ эълон карданд. Албатта қабл аз он садҳо нафар аз аъзо ва раҳбарони ҳизб боздошт шуданд ва баъд аз мамнуъ эълон шудани он, тақрибан баъд аз 1 сол дар додгоҳ ду муовини раиси Ҳизби наҳзатро ба ҳабси абад ва дигаронро аз 14 то 28 сол равонаи зиндон карданд. Ин мавзӯъ вокунишҳои бисёре дар Аврупо, кишварҳои ғарбӣ ва бисёре аз ниҳодҳои ҳуқуқи башарии байналмилалиро ба дунбол дошт.

Аз сӯи дигар, давлати феълӣ ва бисёре аз баданаи он аз бозмондагони Ҳизби коммунисми собиқ ҳастанд, ки динро як афюн дар ҷомеа медонанд. Дар ин миён, ба хусус нақши шахси оқои Раҳмон, ки бадбинии хоссе нисбат ба дин дорад низ пурранг аст. Фикр мекунам инки ӯ 5 сол бо мусулмонон ва неруҳои исломӣ даргир буда ҳам таъсири зиёде доштааст. Ин маҳдудиятҳое, ки эҷод шудааст ба навъе нишон аз ҳароси вай аз ислом аст.

На фақат ислом ва исломгароӣ, балки дар умум вазъияти мусулмонон баъд аз истиқлол ва сулҳ беҳбуди чандоне пайдо накардааст. Тоҷикистон аввалин коре, ки дар дувумин сол пас аз сулҳ кард, манъи рафтани бонувон ба масҷидҳо буд. Баъд аз он манъи пахши азон аз баландгӯҳо бо истидлоли музоҳимат барои сокинон буд, ва тақрибан баъд аз чанд сол тарҳеро тасвиб карданд барои пешгирӣ аз ифротгароӣ, ки рафтани ҷавонони зери 18 сол ба маконҳои мазҳабӣ ва масаҷидҳоро мамнуъ эълон карданд.

Илова бар ин, нақши раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳам хеле муҳимм аст. Эшон дар солҳои сулҳ, яъне 1997 дар Эрон консул буданд. Эшон дар Аврупо ҳам сафир буданд ва бозгаштанд ва дар ниҳоят раиси Кумитаи амнияти миллӣ шуданд. Рисолаи доктории эшон дар бораи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон ва андешаҳои Имом Хумайнӣ, бар меҳвари таҳдидоти он ва судури инқилоб ва мавзӯоти перомуни он анҷом шудааст. Бар асоси ин дидгоҳҳо, ӯ низ ба шиддат ба ислом бадбин аст ва эшон мегӯяд, ки дин бояд дар ихтиёр ва контроли давлат бошад. Дин набояд мустақил бошад ва давлат бояд онро мудирият кунад. Тафаккури ин ду нафар хеле таъсир доштанд дар маҳдудиятҳое, ки барои исломи сиёсӣ ва мусулмонон ба вуҷуд омадааст.

 Баъд аз соли 2015 ва мамнуъ эълон шудани фаъолияти Ҳизби наҳзати исломӣ, чӣ иттифоқе барои наҳзат афтод? Наҳзат акнун дар чӣ вазъияте қарор дорад?

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон баъд аз имзои созишномаи сулҳ ва идғоми нируҳои низомӣ бо неруҳои давлатӣ, вориди фаъолияти сиёсӣ шуд. Таҷрибаи ин сулҳи тоҷикон нишон дод, ки дар кишваре, ки демокрасӣ ва мардумсолорӣ дар он ниҳодина нашуда, дар як сулҳи нобробр сабаби шикаст ва нокомии мухолифон хоҳад шуд. Дар қиболи наҳзат ҳам ин масъала мутаассифона сеҳат дошт.

Давлат дар сулҳ пойбанд ба паймонҳояш набуд ва ба шеваҳои сиёсӣ ва физикӣ мухолифонро кам кам ҳазф кард. Ҳизби наҳзати исломӣ пас аз 15 сол фаъолияти сиёсӣ, ки 3 давра аз он дар парлумон намоянда дошт, ба таври системотик ҳазф шуд ва дар ниҳоят ҳам аз сӯи танҳо давлати Тоҷикистон террористӣ эълон шуд. Албатта ҳеҷ кишваре ва ё созмони байналмилалӣ ин иттиҳоми давлати Тоҷикистонро дар дунё напазируфтааст. Бо ин ҳол дар натиҷаи ин иттиҳомот, ҳудуди 40 дарсад аз раҳбарони наҳзат боздошт ва зиндонӣ шуданд ва иддаи дигар дар ҳабси хонагӣ қарор доранд. Танҳо иддаи каме муваффақ шуданд фирор кунанд ё дар хориҷ буданд ва наҷот ёфтанд. Аз ҷумла шахси Муҳйиддин Кабирӣ, раҳбари ҳизб, ки дар он замон дар хориҷ аз кишвар қарор дошт. Вале мутаассифона 2 тан аз муовинони эшонро боздошт карданд. Сайид Умар Ҳусайниро дар фурудгоҳ, замоне, ки қасд дошт кишварро тарк кунад боздошт карданд ва в оқои Муҳаммадалӣ Ҳаитро аз манзилашон. Ин боздоштҳои дастаҷамъӣ ва ҳадафманд, боиси зарбаи шадиде ба баданаи наҳзат шуд, ки хеле аз кадрҳои тахассусӣ ва фикрӣ ва инқилобии он ҳоло дар зиндон қарор доранд. Аз назари сиёсӣ, фикрӣ ва молӣ, наҳзат ба шиддат таҳти фишор қарор дорад.

Читавр шуд, ки ба Аврупо муҳоҷират кардед?

Мутаассифона ҷомеаи ҷаҳонӣ ва бисёре аз кишварҳои исломӣ аз ҷумла Ҷумҳурии Исломии Эрон дар баробари баста шудани наҳзат ва зиндонӣ шудани раҳбарони он, вокуниши муассире надоштанд. Танҳо Созмони Милали Муттаҳид бо судури баёнияе изҳори нигаронӣ кард. Созмони амният ва ҳамкории Аврупо, Иттиҳоди Аврупо ва Амрико ҳам танҳо ба судури баёния иктифо карданд ва аз давлат хостанд фаъолияти наҳзатро ба ҳолати оддӣ бозгардонад ва раҳбарони зиндонии он озод шаванд.

Дар ниҳоят кулли бозмондагони наҳзат, ки тавони фаъолият доштанд, онҳое буданд, ки аз кишвар хориҷ шуданд. Онҳое, ки фирор карданд аз ибтидо барномае барои ҷо ба ҷоӣ ба Аврупо надоштанд. Инҳо умдатан дар кишварҳои исломӣ, ба вежа Эрон ва Туркия ва бархе кишварҳои арабӣ ва ҷумҳуриҳои Шӯравии собиқ буданд. Тамаркузашон бештар дар Эрон ва Туркия буд. Вале мутаассифона бино ба далелҳое боис шуд, ки ин кишварҳо муҳоҷирони наҳзатро беш аз ин напазиранд. Русия ва Шӯравии собиқ ҳам амн набуд, чаро, ки бархеҳо ба Тоҷикистон дипорт шуданд. Аз ҷумла оқои Қиёмуддин Ғозӣ, ки пас аз сафар аз Эрон ба Русия боздошт ва ба Тоҷикистон бозгардонда шуд. Вай баъдан зиндонӣ шуд ва дар ниҳоят дар фоҷиаи зиндони шаҳри Ваҳдат тавассути неруҳои ДИИШ ба шаҳодат расид. Ҳамчунин Домулло Наимҷон, раҳбари собиқи Шӯъбаи Суғд, ки аз рӯҳониҳои матраҳи шимоли кишвар ҳам буд, истирдод шуд ва эшон ҳам барои 17 сол равонаи зиндон шуданд. Хелеҳо ҳам аз тарси истирдод ин кишварҳоро тарк карданд ва ночор шуданд ба Аврупо паноҳ биоваранд.

Мутаассифона яке аз суолҳои ҳамешагии аврупоиҳо ҳам ин аст, ки чаро шумо мусулмонон ба кишварҳои исломӣ паноҳ намебаред ва ба кишварҳои масеҳӣ ва Аврупо меоед, ки дигар суоли чолишбарангез ва душворӣ аст. Албатта барои як мусулмон ва як шарқе, ки таҷрибаи зиндагӣ дар ин кишварҳоро доштам, беҳтарин ҷо ҳамон ватан аст. Агар дар он ватан набошад, муҳит ва фазои наздик ба ватан беҳтарин ҷойгузин аст. Масалан кишварҳои исломии Шӯравии собиқ монанди Қазоқистон, ё кишварҳои ҳамзбони мусулмон ҳамчун Эрон, ё кишварҳои арабӣ ё Туркия, ки фазои исломӣ доранд. Муҳоҷирони мусулмон аз назари равонӣ ва мазҳабӣ худро дар ин ҷавомеи бегона эҳсос намекунад. Аммо бо вазъияте, ки ба вуҷуд омад бисёре аз паноҳҷӯён (ҳудуди 8 ҳазор нафар аз Тоҷикистон) ба Аврупо паноҳанда шуданд, ки шомили наҳзатиҳо ҳам мешавад.

 Дар ҳоли ҳозир фаъолиятҳо ва таҳаррукоти Ҳизби наҳзати исломӣ дар кадом арсаҳо сурат мегирад? Гӯё нишонаҳое аз бозёбӣ мушоҳида мешавад.  

Феълан фаъолиятҳои сиёсии наҳзат умдатан аз тариқи фазои маҷозӣ ва дар байни паноҳҷӯён аст. Чароки ба далели қонунҳои сахтгирона дар Тоҷикистон дар ҳавзаи интернит ва контроли фазои маҷозӣ, имкони иртибот бо мардум дар дохил нест. Барои тамошои видеоҳо ва лайки мухолифон, аз 3 то 8 сол маҳкумияти зиндон пешбинӣ шудааст. Интернит ҳам дар Тоҷикистон хеле гарон шуда ва мардум ҳам дар вазъияти иқтисодии баде қарор доранд ва мардум умдатан шароити ҳазина кардан барои чунин масоилеро надоранд.

Аммо дар ҳамин ҳол, яке аз муҳимтарин дастовардҳои наҳзат ошноӣ бо муҳити ғарб, шинохти дақиқтар аз зарфиятҳои ҳуқуқи башар дар иртибот бо Иттиҳоди Аврупо ва Созмони Милал будааст. Аз ин тариқ наҳзат талош карда то масоили марбут ба зиндониёни сиёсӣ ва ҳуқуқи башариро пайгирӣ кунад. Ҳамчунин наҳзат дар ин давра тавонист парвандаи 12 нафар аз раҳбарони зиндонии худро ба Созмони Милал фиристода ва кумитаи марбут пас аз баррасиҳо ба ин натиҷа расид, ки боздошти ин раҳбарон ғайриқонунӣ аст ва аз давлати Тоҷикистон дархост кард, ки раҳбарони наҳзат бояд сареъ озод шуда ва ба онҳо ғаромат пардохт шавад. Парвандаи оқои Муҳаммадалӣ Ҳаит соли 2018 баррасӣ шуда буд ва парвандаи 11 нафари дигар ба тозагӣ, дар феврали 2020 баррасӣ шуд ва Созмони Милал назарашро иброз дошт.

Албатта ин аҳком аз назари ҳуқуқӣ арзиш доранд, вале меконизми иҷрои қавӣ вуҷуд надорад. Магар дар ҳолате, ки фишори кишварҳои узви Созмони Милал барои иҷроӣ шудани онҳо сурат пазирад. Ҳоло чӣ кишварҳои исломӣ ва адолатхоҳ ва чӣ кишварҳои ғарбии ҳомии ҳуқуқи башар аз ин фурсат истифода карда ва хостори озодии ин афрод шаванд. Мо феълан пайгирем аз Созмони Милал, ки ин санади ҳуқуқиро ба даст оварда ва бо истифода аз он ройзании сиёсӣ кунем, ки аз тариқи Иттиҳоди Аврупо фишорҳо бар Тоҷикистон бештар шавад то зиндониёнро озод кунанд. Ё агар умеде ба озодӣ набошад, ҳаддиақал дар шароити беҳтаре ҳамчун ҳабси хонагӣ инҳоро нигаҳ доранд.

Бахши дигар фаъолитҳои сиёсии наҳзат тақрибан 2 сол аст зери иътилофи Паймони Миллии Тоҷикистон пайгирӣ мешавад. 3 гурӯҳи дигар аз мухолифон аз ҷумла ҷунбиши рушд ва ислоҳоти Тоҷикистон, анҷумани озодандешони тоҷик ва анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ ҳам дар ин иътилоф ҳузур доранд. Раёсати ин иътилоф албатта бо доктор Муҳйиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби наҳзати исломӣ аст. Фаъолияти сиёсӣ бештар таҳти ин иътилоф пеш меравад.

Бознашр аз “Хабаргузории Рисолат”

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад