Саҳюнистҳо амдан коронавирусро дар миёни Фаластиниҳо интишор медиҳанд

Сухангӯи вазорати кишвари ташкилоти худгардони Фаластин гуфт, ки низомиёни саҳюнист ба таври амдӣ коронавирусро дар миёни миллати Фаластин интишор медиҳанд.

 

Ба гузориши гурӯҳи байналмилалии хабаргузории “Форс”, “Гассан Намр”, сухангӯи вазорати кишвари ташкилоти худгардони Фаластин гуфт, ки низомиёни саҳюнист ва шаҳракнишинон ба таври амдӣ коронавирусро дар миёни Фаластинён интишор медиҳанд.

Гассан Намр, дар мусоҳиба бо шабакаи саудӣ “Хадис”, бо эъломи ин матлаб афзуд, ки низомёни саҳюнист ва шаҳракнишинон, ба эҷоди мушкилот ва таниш дар миёни Фаластинён одат доранд ва лизо барои интишори ин вирус дар миёни Фаластинён низ талош мекунанд.

Ӯ гуфт, ки нахуствазири ташкилоти худгардони Фаластин, ки расидагӣ ба ин умурро бар ӯҳда дорад, кумитаеро барои ин буҳрон ташкил дода ва ин кумита аз тариқи шӯрои Фаластинӣ ва ғайра дар ҳоли таҳияи шикоят алайҳи низомён ва шаҳракнишиноне аст, ки чунин иқдомоти ҷинояткоронаеро анҷом медиҳанд.

Вай бо ишора ба инки, чунин рафторҳое ғайриинсонӣ аст, гуфт, ки кумитаҳои мардумӣ ва дифои шаҳрӣ дар ҳол поксозӣ ва зидди уфуни кардани манотиқи маҳалли убури саҳюнистҳо ҳастанд.

Вазорати кишвари Фаластин рӯзи гузашта аз сабти ҳафт маврид ибтилои ҷадид ба коронавирус хабар дод ва афзуд, ки то кунун шумори мубталоён ба 115 нафар расидааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад