Нигаронии Озода Раҳмон аз афзоиши ҷурм ва ҷиноят дар сохторҳои қудратӣ

Раиси ниҳоди раёсатҷумҳурии Тоҷикистон аз афзоиши ҷурм ва ҷиноят дар сохторҳои қудратии ин кишвар нигаронӣ кард.

Озода Раҳмон, духтари Эмомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамзамон раёсати Кумитаи ҳуқуқии Маҷлиси мллии Тоҷикистонро ҳам бар уҳа дорад гуфт: тибқи омори соли гузашта, 137 маъмури иҷроии қонун ба иллати ҷароими мухталиф маҳкум шуданд, ки 19 дар сад бештар аз соли 2018 аст.

Раиси кумитаи ҳуқуқии Маҷлиси миллии Тоҷикстон ҳамчунин шиканча ва пайгарди ғайри қонунии мутаҳамонро аз ҷароими маъмурони иҷроии қонун эълон кард ва афзӯд: додситонӣ бояд таваҷҷуҳи вижае ба ин маворид дошта ва кантролро дар ин заимн бештар кунад.

Озодаи Раҳмон ба масалаи заминхори низ ишора кард ва гуфт: таҳлилҳо нишон медиҳад тахалуфот дар заминаи таъғири корбарии заминҳо афзоиш доштаас ва дар соли гузашиа ҳудуди 680 фақара ҷурм дар ин маврид ииттифоқ афтод, ки ин омор 140 фақара  бештар аз соли 2018 аст.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад