Тоҷикистон ва Туркманистон танҳо кишварҳои Осиёи марказии холӣ аз коронавирус

Созмони ҷаҳонии беҳдошт, дар охарин гузориши худ дар мавриди коронавирус дар сартосари ҷаҳон, Тоҷикистон ва Туркманистонро аз ҷумла кишварҳое, ки дар он ҳеҷгуна ибтило ба коронавирус сабт нашудааст, ном бурд.

Ба гузориш хабарнигори хабаргузории “Форс” дар душанбе, Созмони ҷаҳонии беҳдошт ахиран бо интишори омори шуюи коронавирус дар ҷаҳон феҳристи кишварҳое, ки дар ҳоли ҳозир дар қаламрави онҳо ҳеҷ мавриди ибтило ба коронавирус сабт нашудаастро, ном бурдааст.

Бинобар ин гузориш, Тоҷикистон ва Туркманистон танҳо кишварҳои дар Осиёи марказӣ ва ҷомеаи муштаракулманофеъ мебошанд, ки дар қаламрави онҳо то ба имрӯз ҳеҷ мавриди ибтило ба коронавирус сабт нашудааст.

Дар соири кишварҳои ҷомеаи муштаракулманофеъ аз ҷумла Русия 658, Арманистон 265, Молдова 149, Украина 145, Озарбойҷон 93, Қазоқистон 88, Беларус 86, Узбакистон 60 ва Қирғизистон 44 маврид ибтило ба коронавирус токунун шиносоӣ шудааст.

Токунун дар Беларус 29, Русия 29, Арманистон 16, Озарбойҷон 10, Молдова 2, Қазоқистон 2 ва Украина як нафар беҳбуд ёфта ва аз бемористон тархис шудаанд.

Дар ҳоли ҳозир, дар Русия дар пайи ибтило ба коронавирус 2, Озарбойҷонӣ, як Молдовӣ, як Украинӣ ва 5 нафари дигар фаавт кардаанд.

Дар Афғонистон теъдоди мубталоён ба коронавирус ба 84 нафар расидааст, ки ду нафар аз онҳо беҳбуд ва ду тани дигар фавт карданд.

Илова бар Тоҷикистон ва Туркманистон дар байни кишварҳои осиёӣ низ дар кишварҳои Кореяи шимолӣ ва Яман ҳамчунин ҳеҷ мавриди гирифтори ба ин вируси ҷадид сабт нашудааст.

Дар байни кишварҳои Африқоӣ низ ибтило ба коронавирус сабт нашудааст аз ҷумла, дар қаламрави кишварҳои Комор, Малавӣ, Серра-Леон, Сан-Томе ва Принсип, ҳеҷ мавриде ба сабт нарасидааст.

Илова бар ин, дар гурӯҳи кишварҳои Уқёнусия низ ҳеҷ мавриде аз уфунати коронавирус дар қаламрави онҳо таъйид нашудааст, ки ин кишварҳо иборатанд аз: Ванато, Кирибатӣ, Микронезия, Науру, Самоа ва Тувалу.

Созмони ҷаҳонии беҳдошт, дар маҷмӯъ таъкид кардааст, ки мавориди ибтило ба коронавирус дар беш аз 195 кишвари ҷаҳон сабт шудааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад