Нахустин қурбонии коронавирус дар Осиёи Марказӣ

Нахустин ҳолати фавт дар пайи гирифторӣ ба коронавирус Миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки ин беморӣ ба қайд гирифта шуд, дар Қазоқистон рух додааст.

Дар шаҳри Нурсултони Қазоқситон нахустин ҳолати фавти шахси мубталои коронавирус рӯзи узашта ба қайд гирифта шуд, ки фавтида зани 64 сола будааст. Қосим Жомарт Тоқаев, раисиҷумҳури Қазоқистон, ҳам дар ин бора дар саҳифаи Твиттераш навишт, ки шаҳрванди аз коронавирус фавтида зани 64 сола буд.

Вай навишт: “Марги зани 64-солаи аз коронавирус фавтида, дар бораи хатари худи коронавирус ва аҳамияти муҳими риояи карантин мегӯяд. Ба пайвандону хешовандони фавтида изҳори тасаллият мекунад “.

Тоқаев ҳамчунин гуфтааст, барои мубориза бо пешгирии сирояти коронавирус рӯзи панҷшанбе тасмим гирифта шуд, ки дар пойтахт ва Алмаато чораҳои карантини пурзӯр ва дар Чимкент маҳдудиятҳо ҷорӣ карда шаванд.

Дар ин бора ҳамчунин Вазири иттилоот ва рушди ҷамъияти Қазоқистон Даврон Абаев хабар дода, гуфтааст:”Имрӯз як шаҳрванди Қазоқистон аз коронавирус фавтид. Мо ба хонавода ва пайвандону наздиконаш тасаллият изҳор мекунем, ки ин талафоти ҷуброннопазир аст”.

Вай қайд кард, ки ин фавт бори дигар хатари коронавирус ҳушдор дод ва ҳоло ин ҳама барои мо як имтиҳон аст. Зарур аст, ки ҳама талабот ва дастуроти мақомот дар бораи худҷудоӣ риоя карда шаванд.

Қазоқистон аз нахустин кишварҳои Осиёи Марказӣ аст, ки нахустин ҳолати мубталои коронавирус дар он сабт гардида, тибқи оморҳои ахир шумори он ба 112 нафар мерасад

Сар аз 16 март дар ин кишвар вазъияти фавқулодда ҷорӣ шуда, шаҳрҳои Нурсултон ва Алмаато аз 19 март дар карантин қарор доран.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад