10 пешниҳоди ПМТ ба Тоҷикистон барои муқобила бо вируси корона

Паймони миллии Тоҷикистон (ПМТ), эътилофи неруҳои оппозитсияи тоҷик, рӯзи 25 март ба ҳукумат ҷиҳати пешгирӣ аз асароти манфии буҳрони ноҳӣ аз таҳдиди коронавирус бастаи чораҳои фавриеро иборат аз 10 пешниҳод ироа кард.

Ин бастаи чораҳои фаврӣ аз ҷумла аз хориҷ ба кишвар баргардондани шаҳрвандони Тоҷикистон, эҷоди шароити муносиб барои карантин, манъи чорабиниҳои оммавӣ ва маршировкаҳо, озод намудани ҳамаи маҳбусони синнашон аз 60 боло, ба ҳабси хонагӣ гузарондани маҳбусони дигар, боло бурдани маоши табибону ниҳодҳои беҳдоштӣ, боло бурдани суръати интернет ва эҷоди шароит барои низоми интернетии таълиму коргузорӣ, рушди фурӯшгоҳҳои интернетӣ ва роҳандозии пардохтҳои ғайринақдӣ, барҳам додани роҳи пулакии Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ, эълони мораторий ба тафтиши корхонаҳоро барои солҳои 2020-2021-ро дар бар мегирад.

ПМТ дар изҳороте, ки рӯзи 25 март нашр кард, мегӯяд, Тоҷикистон ба далели вобастагиаш аз омилҳои беруна аз буҳронӣ ношӣ аз таҳдиди коронавирус метавонад зарари беҳтар бубинад. Ин созмон аз ҷумла аз ҷои кор маҳрум шудани садҳо ҳазор муҳоҷири тоҷик ва ба маҳзи ин аз як сарчашмаи асосии интиқоли маблағҳо ба иқтисодаш маҳрум шудани Тоҷикистонро яке аз паёмадҳои буҳрони дар ҳоли авҷи коронавирус ном бурдааст.

ПМТ бастаи чораҳои фаврӣ иборат аз 10 пешниҳодро ба ҳукумати Тоҷикистон ироа карда, изҳори боварӣ кардааст, ки дар сурати пазируфтан ва иҷрои ин пешниҳодҳо, “омодагии кишвари мо ба ин буҳрон бештар ва марҳалаи гузор аз он барои давлат ва миллат сабуктар хоҳад буд.”

Пешниҳодҳои ПМТ ба ҳукумат аз инҳо иборатанд:

  1. Ба таври ҳамагонӣ ва бепул ба кишвар овардани ҳама шаҳрвандони Точикистон, ки дар хориҷ мондаанд ва нияти бозгашт ба ватан доранд.
  2. Дар биноҳои васеътар ва муносиб бо шароити беҳтар ҷой кардани ҳама касоне, ки ба карантин фаро гирифта мешаванд.
  3. Қатъи тамоми навъи ҷамъомадҳо, чашнворахо, маросимхои серодам, аз ҷумла маршировкаҳо.
  4. Озод намудани ҳама маҳбусони болои синни 60 аз зиндонҳо, новобаста аз муҳлати ҷазо, таркиби ҷиноят ва омилҳои дигар. Маҳбусони синашон ҷавонтар вобаста ба хатарнокиашон ба ҷомеъа, барои муддатҳои гуногун аз маҳбасҳо озод шаванд ва дар шароити манзил ба сар бубаранд. Инчунин, ба хотири беҳтар кардани фазои сиёсиву равонии кишвар, ба хотири боло бурдани эьтимоди мардум ба ҳукумат ва нишон додани эҳтиром ба қарори муътабартарин созмони байналмиллалӣ, ки Тоҷикистон узви он мебошад, озод намудани 15 зиндонии сиёсӣ, ки Кумитаи ҳуқуқи башари СММ озодии фаврии онҳоро талаб намудааст.
  5. Боло бурдани суръати интернет ба хотири ҳарчи зудтар омода кардани шароит барои низоми интернетии таълим, коргузорӣ ва мудирият дар кишвар. Бардоштани ҳамагуна маҳдудиятҳо болои сайтҳои расонаӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба хотири қавитар кардани амнияти иттилоотии кишвар ва боло бурдани сатҳи огоҳии мардум аз равандҳо, мушоракати бештари мардум дар тарҳҳо ва барномаҳои зиддибуҳронӣ.
  6. Роҳандозии низоми пардохтҳои ғайринақдӣ ва фурушгоҳҳои интернетӣ, ки дар сурати зарурат мардум битавонанд ашёи мавриди ниёзи худро аз манзил ва фосилаи дур супориш бидиҳанд. Дар сурати зарурат, ҷорӣ намудани маҳдудиятҳо дар фаъолияти бозорҳо, фурӯшгоҳҳои калон , нақлиёти шаҳрӣ ва донишгоҳу муассиаҳои таълимӣ. Ҳамзамон ташкили фурӯшгоҳҳои хурди сайёр бо рияоти талаботи санитарӣ дар маҳаллаҳо ва хиёбонҳои аслии шаҳрҳо.
  7. Барҳам додани низоми пулакии роҳи Душанбе -Чаноқ, ки ширкати IRS солона наздики 100 миллион долларро аз ронандагон, соҳибкорон ва мардуми оддӣ ситонида, ба суратҳисобҳои офшорӣ мефиристад ва амалан аз гардиши молии кишвар берун мекунад. Ин иқдом на танҳо фишори молиро дар чунин рӯзҳои буҳронӣ болои мардум камтар мекунад, балки таъсири худро ба поён рафтани нархи сафар ва интиқоли молу мавод хоҳад расонд.
  8. Эълони мораторияи санҷиши корхонаҳо, ширкатҳо ва соҳибкорон (ба ғайр аз санҷишҳои санитарӣ) давоми солҳои 2020-21.

Барҳам додани имтиёзҳои молиявӣ ва андозӣ ба ширкатҳои монополистӣ ва додани ин имтиёзҳо ба соҳибкории хурду миёна, ки маҳсулоти ниёзи аввали мардумро истеҳсол мекунанд. Пешгирӣ аз нархгузориҳои баднафсонаи ширкати монополистии Сомонайр бо истифода аз буҳронҳо ва мутобиқ гардонидани нархи билетҳои ин ширкат ба нархҳои мавҷуд дар бозори мусофиркашонии минтақа.

  1. Боло бурдани маоши кормандони соҳаи тиб, санитарӣ ва соҳаҳое, ки кормандонашон дар сафи аввали мубориза бо ин буҳрон фаъолият мекунанд.
  2. Баргардонидани маблағҳои офшорӣ ба кишвар ва ворид намудани онҳо ба буҷаи давлат барои амалӣ кардани тарҳҳои миллӣ ва нигаҳдштани низоми иқтсодии кившар аз муфлисшавӣ.

ПМТ – Паймони миллии Тоҷикистон – моҳи сентябри соли 2018 дар Варшава таъсис ёфтааст. ҲНИТ, Ҷунбиши Ислоҳот ва рушди Тоҷикистон, Анҷумани озодандешони тоҷик ва Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ дар Аврупоро дар бар мегирад. Роҳбарии ПМТ-ро Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ ба дӯш дорад. Фаъолияти ин эътилофи неруҳои оппозитсияи тоҷик дар Тоҷикистон бо қарори Додгоҳи олӣ аз 15 августи соли 2019 расман манъ шудааст.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, то имрӯз дар кишвар ягон мавриди сироят ба коронавирус сабт нашудааст. Тоҷикистон ва Туркманистон танҳо ду кишвари Осиёи Марказианд, ки то имрӯз, ба гуфтаи мақомоташон, аз ин вирус эмин мондаанд.

Бо ин вуҷуд, мақомоти Тоҷикистон аз аввали моҳи феврал ташхису муоинаи ҳамаи онҳоеро, ки вориди қаламрави ин кишвар мешаванд, ба роҳ монда, аз 20 март тамоми парвозҳои байналмилалиро ба фурудгоҳҳои кишвар қатъ карданд. Ҳамин тавр, марзи Тоҷикистон бо Узбекистону Қирғизистон баста шуда, ҳоло онҳоеро, ки аз кишварҳои манбаи эҳтимолии паҳншавии коронавирус ба Тоҷикистон меоянд, барои 14 рӯз таҳти карантин қарор медиҳанд.

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ҳафтаи гузашта аз ҳукумати Тоҷикистон хост, ки тамоми чорабиниҳои оммавиро лағв кунад. Вале бо ин вуҷуд дар Тоҷикистон иди Наврӯзро бидуни эҷоди маҳдудиятҳо ҷашн гирифтанд. Масҷидҳои кишвар, ки аз 4 март ба далели пешгирӣ аз коронавирус баста шуданд, аз рӯзи 20 март дубора ба фаъолият сар карданд.

Мунтақидон мегӯянд, бо вуҷуди чораҳои андешидашуда боз ҳам ҳукумати Тоҷикистон то имрӯз хатари коронавирусро кам гирифта истодааст ва ин метавонад дар ниҳоят барои ҳам давлат ва ҳам мардум бо қимати гарон тамом шавад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад