Қарантини теъдоде аз шаҳрвандони тоҷик дар Алмаато

Дар яке аз бемористонҳои Алмато чанд шаҳрванди Тоҷикистонро барои пешгирӣ аз коронавирус ба карантин фаро гирифтанд.

Шаҳрвандони Тоҷикистон якҷо бо чанд шаҳрванди дигари кишварҳои Осиёи Миёна дар Қазоқистон ба карантин фаро гирифта шудаанд.

Гуфта мешавад, дар бемористони мазкур ҳамагӣ 222 нафар карантин карда шудаанд. Байни онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон, Қазоқистон, Узбекистон ва Афғонистон ҳастанд.

Яке аз пизишкони бемористони мазкур гуфтааст, ки “дар  ҳолати исрорӣ кор мекунем ва нафарони дар карантин бударо зеро назорати шадид гирифтаем, то аз нишонаҳои беморӣ бехабар намонем”.

Ҳамаи онҳо нафароне мебошанд, ки бо шахсони бемори коронавирус робита доштанд. Феълан, тестҳо натиҷаи манфӣ нишон медиҳанд ва нишонаҳои беморӣ низ дида намешавад.

Пизишкон мегӯянд, ки шароити нигоҳдории шаҳрвандон хуб аст ва касе шикоят надорад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад