Шумори мубталоёни саҳюнист ба коронавирус ба марзи 2400 нафар расид

Бар асоси гузоришоти хабарӣ, шумори мубталоён ба коронавирус дар манотиқи ишғолӣ ба марзи 2400 нафар расидааст.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии “Ал-Нашра”, рӯзи гузашта вазорати беҳдошти режими саҳюнистӣ эълом кард, ки теъдоди мубталоён ба коронавирус дар сарзаминҳои ишғолӣ ба марзи 2369 нафар ва талафоти ҷонии он ба 5 нафар афзоиш пайдо кардааст.

Аз сӯи дигар “Нафталӣ Беннет”, вазири ҷанги режими саҳюнистӣ эълом кард, ки саҳюнистҳо ниёзи зиёде ба таҷҳизоти пизишкӣ аз ҷумла таҷҳизоти марбут ба танаффуси маснуъӣ доранд ва ниҳодҳои мухталифи саҳюнистӣ аз ҷумла Мусод, иқдом ба харидории таҷҳизот аз хориҷ кардаанд.

Вазорати беҳдошт дар навори Ғазза низ эълом кард, ки 7 мавриди ҷадиди ибтило ба коронавирус дар ин минтақа мушоҳида шуда, ки бар ин асос шумори маҷмӯъи мубталоён ба коронавирус дар Ғазза ба 9 нафар расидааст.

Вазорати беҳдошти Урдун низ аз сабти 19 мавриди ҷадиди ибтило ба коронавирус хабар дод то шумори куллии мубталоён ба ин вирус дар подшоҳии Урдун ба 172 нафар бирасад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад