Трамп: ба ҳеҷ касе дар ҷанги алайҳи коронавирус эътимод намекунем

Раиси ҷумҳури Амрико дар конфронси хабарии рӯзонаи худ, дарбораи муқобила бо шуюи коронавирус гуфт, ки ҳаргиз ба ҳеҷ кишвари хориҷӣ барои тазмини наҷоти мо аз буҳрони кунунӣ эътимод нахоҳем кард.

“Доналд Трамп”, раиси ҷумҳури Амрико бомдоди рӯзи чаҳоршанбе гуфт, ки дар ҳоли баргузории нишастҳое аст то бубинад оё имкон дорад маҳдудиятҳои эҷод шуда дар Амрикоро то 12 апрел коҳиш диҳад ё на.

Вай, ки дар конфронси хабарии рӯзонаи худ дарбораи охирин таҳаввулоти кишвараш дарбораи муқобила бо шуюи коронавирус сӯҳбат мекард, афзуд: «коронавирус 170 кишварро даргири худ карда, аммо умедҳои вуҷуд дорад ва мо метавонем шоҳиди нӯре дар интиҳои туннел бошем ва дар ҳоли наздик шудан ба поёни мубориза бо душмани пинҳон ҳастем.»

Трамп изофа кард:«шароити кунунӣ буҳрони дармонӣ ва на буҳрони молиявӣ аст ва буҳрони кунунӣ аҳамияти марзҳоро беш аз пеш нишон медиҳад.»

Раиси ҷумҳури Амрико изофа кард: «қудрати иқтисодии мо барои муқобила бо ин вирус муҳим аст ва ба думболи ҳимоят молии мустақим аз Амрикоиҳо ҳастем.»

Амрико тайи 24 соати гузашта 8666 мавриди ҷадиди ибтило ба коронавирус сабт кард то шумори мубталоён ба ин вирус дар Амрико ба 52400 нафар бирасад.

Аз сӯи дигар дар 24 соати гузашта 120 маврид, марги ҷадид дар Амрико ба далели ибтило ба коронавирус гузориш шуд ва маҷмӯъи фавтиҳо дар Амрико ба далели коронавирус ба 673 нафар расид.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад