Афзоиши шумори мубталоён ба коронавирус дар Афғонистон

Вазорати тандурустии Афғонистон хабар дод, ки шумори мавориди мусбат ба коронавирус дар ин кишвар ба 34 нафар афзоиш ёфта ва аз давлати ин кишвар хост то барои қарнтинаи вилояти Ҳарот иқдом кунад.

Ба гузориши дафтари минтақаӣ хабаргузории “Тасним”, “Фирӯзуддин Фирӯз”, вазири тандурустии Афғонистон дар як конфронси хабарӣ эълом кард, ки дар 24 соати гузашта аз 97 фарди машкуки ибтило ба коронавирус 10 маврид мусбат буда ва акнун шумори мавориди мусбати ибтило ба коронавирус дар Афғонистон ба 34 нафар афзоиш ёфтааст.

Вай афзуд, ки шумори мубталоён ба коронавирус дар вилояти Ҳарот рӯ ба афзоиш аст ва аз давлати Афғонистон хост то ин вилоятро қарнтина кунад.

Фирӯз идома дод, ки ду нафар аз намояндагони парлумони Афғонистон низ машкук ба ибтило ба ин вирус ҳастанд ва натиҷаи тести коронавируси онҳо низ базудӣ мунташир хоҳад шуд.

Вазир тандурустии Афғонистон аз мардум хост то аз таҷаммӯъот иҷтиноб кунанд ва таъкид кард, ки танҳо афроди бемор аз моск истифода кунанд ва афроде, ки бо беморон дар иртибот ҳастанд дасткаш бипушанд.

Аз 10 рӯйдоди тозаи сабт шудаи ибтило ба коронавирус, 3 маврид дар Ҳарот, 2 маврид дар Кобул, 2 маврид дар Қандаҳор, 1 маврид дар Ғазнӣ ва 1 маврид дигар низ дар Балх будааст.

Фирӯз гуфт, ки мавориди ибтило дар Кобул марбут ба ду дипломати хориҷӣ аст ва бидуни ифшои тобеияти онҳо афзуд, ки ин афрод, ки ба тозагӣ ба Кобул омаданд, пеш аз вуруд ба Афғонистон ба коронавирус мубтало буданд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад