Қарантинаи 2600 нерӯи низомии Петагон дар Аврупо

Петагон эълом кард, ки 2 ҳазор ва шашсад корманди низомии Амрикоӣ дар Аврупо ба далели нигаронӣ аз шуюи коронавирус худро қарантина кардаанд.

Ба гузориши веб-сайти “Hill”, вазорати дифои Амрико рӯзи ҷумъа ба вақти маҳаллӣ дар баёнияе эълом кард: ҳамаи ин афрод лузуман бемор нестанд, балки дар маърази [беморӣ] қарор дошта ва дар ростои тадобири беҳдоштӣ, даст ба иқдомоти эҳтиётӣ задаанд.

Ин баёния дарбораи ҷузъиёти қарантина ва ҷудосозии ин афрод тавзеҳи надодааст.

Дар маҷмӯъ 67 нафар аз нерӯҳои Петагон дар саросари дунё ба коронавирус мубтало шудаанд. Ҳамчунин 15 нафар аз коркунони ғайринизомӣ, 26 тан аз вобастаҳо ва 16 нафар аз паймонкорони вазорати дифоъ коронавирус гирифтаанд.

Генерал “Тод Волтерз”, раиси фармондиҳии Аврупоӣ Амрико “EUCOM”, рӯзи ҷумъа ба вақти маҳаллӣ дар тамосе аз Штутгарти Олмон, ба хабарнигорон гуфт, ки 35 нафар аз 72 ҳазор нерӯи Амрикоӣ, ки дар Аврупо ҳастанд, ба коронавирус мубтало шудаанд.

Волтерз гуфт, ба сурати видеоконфронс ё телефонӣ бо касоне, ки озмоиши коронавируси онҳо мусбат буда ё афроде вазъияти онҳо нигаронкунандааст, сӯҳбат кардааст.

Вай афзуд: афроде озмоиши онҳо мусбат буда ва касоне, ки дар қарантина қарор доранд, дар вазъи хубе ҳастанд.

Петагон, душанбе гузашта эълом карда буд, ки “Марк Аспер”, вазири дифои Амрико ва муовинаш ба манзури ҷилавгирӣ аз ибтилои ба коронавирус аз якдигар «ҷудо хоҳанд шуд.»

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад