Трамп нажодпараст аст!

Сайидҳасан Насруллоҳ, дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон ҷумъашаб дар бораи охирин таҳаввулоти дохилии Лубнон ва минтақа суханронӣ кард.

Вай дар ибтидои суханронии худ, иди Наврӯзро ба мардуми Эрон табрик гуфт ва солрӯзи шаҳодати Имом Мӯсо Козим(а)ғро ба ҳамаи мардуми мусулмони ҷаҳон таслият гуфт.

Насруллоҳ дар идома ба масоили дохилии Лубнон аз ҷумла масъалаи озодии Омир Фохури, муздури ҷосуси режими саҳюнистӣ ишора кард ва гуфт: “Амрикоиҳо бидуни ҳеҷ қайду шарте барои озодии Фохури ба мақомоти лубнонӣ аз ҷумла қозиён ва масъулони дастгоҳи қазоӣ фишор оварданд.

Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон афзуд: ду моҳи ахир бархе аз масъулони давлати Лубнон бо мо дар бораи масъалаи озодии Фохурӣ таҳти фишорҳо ва таҳдидҳои Амрико гуфтугӯ карданд, аммо бо таваҷҷӯҳ ба инки мо ба унвони шикояткунандаи парванда ва на бетараф, дар як тарафи ин моҷаро қарор доштем, бо масъалаи озодии вай мухолифат кардем.

Вай гуфт: пас аз судури қарори манъи хориҷ шудани Фохури, Амрико талош кард вайро қочоқӣ ва ғайриқонунӣ аз фурудгоҳи Бейрут хориҷ кунад, аммо дастгоҳ‎ҳои амниятии Лубнон монеи он шуданд.

Насруллоҳ бо баёни инки вай шахсан хабари озодии ин муздури режими саҳюнистиро аз тариқи расонаҳо шунидааст, тасреҳ кард: Ҳизбуллоҳ аз ҳамон рӯзи аввали боздошти Фохури дар Лубнон, хостори судури ҳукми одилона алайҳи ин муздур шуд ва рафъи иттиҳомоти вайро напазируфт.

Насруллоҳ идома дод: бархеҳо моро муттаҳам мекунанд, ки давлати Лубнон дасти Ҳизбуллоҳ аст, ин дар ҳоле аст, ки ҳеҷ давлат ва ниҳоде дар Лубнон вобаста ба Ҳизбуллоҳ нест. Касоне, ки исрор доранд моро масъули озодии Фохури бидонанд, дар ҳақиқат дар замини душман ва рақиб бозӣ мекунанд.

Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон гуфт: тасмим ба озодии Фохури дар давлати Лубнон баррасӣ нашуда ва дар дохили маҷмӯаи давлат чунин тасмиме гирифта нашудааст, ки ба гумони бархеҳо Ҳизбуллоҳ дар пушти парда, тавофуқҳое бо давлат карда бошад.

Насруллоҳ таъкид кард, ки бархеҳо ба ҷои инки дар ин масъала аз дасти Амрикои ҷаллод хашмгин шаванд, аз дасти қурбонӣ хашмгин миешаванд ва алайҳи он мавзеъгирӣ ме‎кунанд.

Вай дар бахши дигаре аз суханронии худ ба масъалаи интишори вируси корона ишора кард ва гуфт: барои ҷилавгирӣ аз паҳншавии ин вирус бояд тадобири шадиде иттихоз шавад ва аз ҳаргуна тасмими давлат барои қарнтина кардани ҳар нуқтае аз Лубнон ҳимоят мекунем.

Насруллоҳ бо баёни инки Ҳизбуллоҳ бо ҳаргуна тасмими давлат дар қарнтина кардани минтақаи шианишин мувофиқ аст, афзуд: хеле зишт аст, ки бо масъалаи корона бар асоси гароишҳои фирқаӣ ва тоифаӣ бархурд шавад.

Вай аз мушорикати 20 ҳазорнафар аз тарафдорони муқовимати Лубнон дар ҷиҳати муқобила бо корона хабар дод ва гуфт: бештари нируҳои Ҳизбуллоҳ, ки ба Сурия мераванд ё бозмегарданд, таҳти назорати пизишкӣ қарор мегиранд ва ҳамаи зоирон ва донишҷӯёни вобаста ба Ҳизбуллоҳ ба ҳангоми бозгашт аз Эрон, озмоиш мешаванд.

Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон Трампро нажодпараст хонд ва гуфт: рӯз ба рӯз собит мешавад, ки Трампи нажодпараст аз ҷинси инсон‎ нест; вай ба думболи воксан корона дар Амрикост то бо даст овардани пули изофӣ аз тариқи воксани корона, аз ин масъала дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ истифода кунад.

Сайидҳасан Насруллоҳ бо таъкид бар инки Эрон ба муқобила бо корона дар сояи таҳримҳои Амрико идома медиҳад, гуфт: замони он фаро расидааст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ барои лағви таҳримҳои золимонаи Амрико дар заминаи доруӣ ва пизишкӣ, бар сари Трампи нажодпарасти хуррез фарёд бизанад.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад