Сурия як қадам бо пирӯзӣ фосила дорад

Дар соли 2011 тақрибан 10 сол қабл, ҷанги тамомаёр алайҳи давлати Сурия оғоз шуд.

Вусъат ва густардагии амалиёти майдонӣ ва пуштибонии он ба ҳадде буд, ки тақрибан аксари коршиносон ва таҳлилгарони дӯсту душман ва бетараф, кори Башор Асад ва давлаташро тамомшуда медонистаанд.

Дар соли 2011 бо оғози ҷанг дар Сурия тақрибан ҳамаи расонаҳои аслии ҷаҳон ҷанги нарми бесобиқаеро алайҳи давлати Сурия ва ҳомиёни он оғоз карданд ва ҳамзамон бо он, дастгоҳҳои иттилоотии ҳамаи кишварҳои вобаста ба Амрико амалиёти ҷазби неруҳои такфириро аз 100 кишвари ҷаҳон калид заданд , амалиёте, ки аз он таҳти унвони “амалиёти лонаи занбур”, ёд мешавад. Дар ин ҷанги ба зоҳир дохилӣ тақсими корӣ дар бахши лоҷестик ва низомӣ миёни Амрико ва ҳампаймононаш рӯй дод, ки таи он Амрико ба таври мустақим ва ғайримустақим, кори ирсоли таслиҳот барои гурӯҳҳои такфирӣ ва ғайритакфириро ба ӯҳда гирифт, Арабистон пул, силоҳ ва идологияи террористҳоро таъмин мекард, Туркия ва Урдун хоки худро ҷиҳати ҳимояти лоҷестикӣ аз террористҳо, дар ихтиёри Амрико қарор доданд, режими саҳюнистӣ низ ҳамаҷониба аз террористҳо ҳимоят мекард. Ин тақсими вазоиф, кишварҳое мисли Олмон, Англис, Фаронса, Қатар, Аморот ва чанд кишвари дигарро низ шомил мешуд.

Аммо, ҳамонтавр, ки аён аст ин тавтеаи Амрико ва Исроил ба ҷое нарасид ва акнун ҳамачиз баръакси интизорҳои онҳост. Ба гунае, ки ҳеҷ кас наметавонад дар мавриди иқтидори муқовимат, давлат ва артиши Сурия, тардиде ба худ роҳ бидиҳад.

Дар иртибот бо ин шароити муовини вазири хориҷаи Сурия, Эмин Сусон, ба рӯзномаи Ватан чопи ин кишвар гуфт, бо гузашти 9 сол аз ҷанги золимона, Сурия ва суриҳо бо итминон дар масири таҳаққуқи ваҳдати миллӣ ва пирӯзии ниҳоӣ бар терроризм гом бармедоранд.

Муовини вазири хориҷаи Сурия афзуд, Амрико бо иҷрои сенарияи мазкур, қасд дошт минтақаро дар ҷиҳати манофеи худ тағйир диҳад, аммо натавонист ба ин ҳадафи худ бирасад.

Ҳусайн Махлуф, вазири идораи маҳаллӣ ва муҳити зисти Сурия, ҳам дар бораи парвандаи оворагон гуфт: давлат тавониста беш аз панҷ миллион овораи дохилӣ ва беш аз як миллион сурии овора дар хориҷро ба хонаҳояшон бозгардонд ва иқдомоти зиёде дар ин бора анҷом медиҳад.

Ҷанг дар Сурия дар ҳоле вориди даҳумин соли худ мешавад, ки ҳамакунун беш аз 70 дарсади хоки ин кишвар таҳти контроли артиш ва давлати Сурия аст. Ин дар ҳоле аст, ки то панҷ соли қабл, террористҳое чандмиллиятӣ то 80 дарсад Сурияро ба ишғоли худ дароварда буданд ва ҳатто ба дарвозаҳои Димишқ ҳам расида буданд.

Пирӯзӣ дар Идлиб, калиди поёни ҷанг

Дар даргириҳои хунини 9 солаи Сурия, устони Идлиб дар шимоли ғарби ин кишвар ҷойгоҳи вежае дорад; агар ҳама чиз ба таври табиӣ пеш мерафт, Идлиб муддатҳо пеш бояд аз ишғоли террористҳо хориҷ мешуд, вале бо дахолати Туркия, шароит дар Идлиб, гиреҳ хӯрдааст. Артиши Сурия тайи амалиёте дар Идлиб ҳазорон такфирӣ аз ҷумла 2000 террористи чандмиллиятӣ кушта шудаанд. Илова бар он, 276 шаҳр, шаҳрак ва русто дар ғарби Ҳалаб ва устони Идлиб аз дасти террористҳои такфирӣ озод шудааст.

Ҳамчунин, дар ин амалиёт беш аз 50 дарсади хоки устони Идлиб (2600 килломтари мураббаъ) аз вуҷуди палиди террористҳо поксозӣ шудааст. Қаблан камтар аз 10 дарсади Идлиб таҳти контроли артиши Сурия будааст.

Ин пешравиҳои артиши Сурия идома дошт ва ончи ба назар мерасид ин буд, ки ҷанги Сурия вориди даҳумин соли худ нахоҳад шуд. Аммо, дахолати Туркия ва кишварҳои ғарбии ҳомии терроризм дар иртибот бо амалиёти артиши Сурия дар Идлиб, сабаб шуд, ки пешравии артиши Сурия дар ин устон мутаваққиф шавад.

Бо ин вуҷуд, дар ҳоли ҳозир, бартарӣ бо артиш ва муқовимат дар Сурия аст ва ба ҳамон мизон нигаронӣ ва ошуфтагӣ дар ҷабҳаи ҳомии терроризм, комилан маълум аст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад