Кумакҳои башардӯстонаи Туркманистон ба Эрон барои муқобила бо вируси корона

Давлати Туркманистон кумакҳои башардӯстонаи худро бо ҳадафи муқобила бо паҳншавии ҷаҳонии корона ба Эрон ирсол кард.

Давлати Туркманистон эълон кардааст, ки кумакҳои башардӯстонаро бо ҳадафи муқобила бо паҳншавии ҷаҳонии вируси корона ба Эрон ирсол кардааст.

Гуфта шудааст, ки кумакҳои башардӯстонаи Туркманистон ба Эрон шомили колоҳои асосӣ аз ҷумла лавозими пизишкӣ барои муқобила бо вируси корона аст.

Бар асоси ончи эълон шудааст, ин кумакҳо ба дастури Бердимуҳаммадов, раисҷумҳури Туркманистон ба Эрон ирсол шудааст.

Бар асоси ҷадидтарин омори Созмони ҷаҳонии беҳдошт то имрӯз, теъдоди мубталоён ба вируси корона дар ҷаҳон ба 245 ҳазору 916 нафар расидааст. Аз ин теъдод 10 ҳазору 48 нафар ҷон бохта ва 88 ҳазор 465 нафар беҳбуд пайдо кардаанд.

Бар асоси ин гузориш, аз миёни 147 ҳазору 403 нафаре, ки ҳоло ҳам даргири ин беморӣ ҳастанд, ҳоли 5 дарсади онҳо яъне 7 ҳазору 385 нафар вахим гузориш шудааст.

Гуфтанӣ аст, ки вируси корона, ки барои аввалин бор дар шаҳри Вуҳони Чин мушоҳида шуд, дар ҳоли ҳозир ба бисёре аз кишварҳои ҷаҳон кашида шудааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад