Кореяи шимолӣ ду мушаки баллистикии кӯтоҳбурд шиллик кард

Кореяи шимолӣ ду мушаки баллистикии кӯтоҳбурд ба самти "дарёи Япония", дар шарқи нимҷазираи Корея шиллик кард.

Хабар гузории “Ёнхап”, бомдоди шанбе ин хабарро ба нақл аз ситоди муштараки артиши Кореяи ҷанубӣ мунташир кард.

Кореяи шимолӣ, дар ҳафтаҳои ахир чанд озмоиши мушакӣ анҷом дод. Манобеи расонаӣ эълом кардаанд, ки “Ким Ҷунг Ун”, раҳбари Кореяи шимолӣ шахсан бар ин озмоишҳо назорат доштааст.

Кореяи шимолӣ, дар соли гузаштаи мелодӣ пас аз шикасти музокирот бо Амрико 13 озмоиши таслиҳотӣ анҷом дод.

Музокироти Амрико ва Кореяи шимолӣ, барои халъи силоҳи ҳастаӣ Пхенян ва рафъи таҳримҳо аз сӯи Вашингтон, пас аз дувумин нишасти сарони ду кишвар дар Ветнам ба бунбаст расид.

Кореяи шимолӣ, ҳамвора аз таҳаррукоти низомии Амрико дар нимҷазираи Корея ва ҳамкории низомӣ бо Кореяи ҷанубӣ интиқод кардааст.

Хабаргузории Кореяи шимолӣ, ахиран дар ёддоште аз муомилоти таслиҳотии Кореяи ҷанубӣ ва Амрико интиқод кард ва ҳадаф аз онро таҳти фишор қарор додани Пхенян донист.

Ин расона навишт, ки чунин корҳое фақат хатари бурузи ҷангро дар нимҷазираи Корея афзоиш медиҳад.

Хабаргузории Кореяи шимолӣ, бо ишора ба тахсиси маболиғи бисёр калон аз сӯи Кореяи ҷанубӣ, барои хариди таҷҳизот ва таслиҳоти модерн дар солҳои оянда таъкид кард, ки Кореяи ҷанубӣ, боиси ташдид танишҳои низомӣ мешавад.

Кореяи шимолӣ, ҳамчунин аз барномаи Кореяи ҷанубӣ барои хариди ҷетҳои ҷангандаи радаргурез F-35 аз Амрико ва баргузории размоишҳои муштараки ду кишвар интиқод ва онҳоро муттаҳам ба талош барои ҳамалоти пешдастона кардааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад