Дархости Созмони ҷаҳонии беҳдошт аз Тоҷикистон барои лағви ҷашни Наврӯз

Намояндагии Созмони ҷаҳонии беҳдошт дар Тоҷикистон ба ҳукумати кишвар муроҷиат намудааст, ки аз баргузории чорабиниҳои оммавӣ худдорӣ кунанд.

Созмони ҷаҳонии беҳдошт аз Тоҷикистон даъват менамояд, ки аз ташкили чорабиниҳои фароғатии оммавӣ, ки ба ифтихори ҷашни Наврӯз пешбинӣ шудаанд, эҳтиёткор бошанд.

Тибқи маълумоти мавҷуда, дар матни номаи СҶБ омадааст, ки дар ташкили чорабиниҳои фароғатии оммавӣ, ки ба оқибатҳои вазнини саломатӣ оварда метавонанд, эҳтиёткор бошанд.

Дар изҳорот омадааст: “Аксари  сарчашмаҳо тасдиқ мекунанд, ки чорабиниҳои оммавӣ метавонанд ба паҳншавии бемориҳои сироятӣ мусоидат кунанд”.

Созмони мазкур таъкид мекунад, ки тасмим дар бораи лағв ва ё баргузор кардани ҷашнҳои бузург, бояд пеш аз ҳама хатари расондани он ба ҷомеа дақиқ карда шавад.

Зимнан, СҶБ изҳор намудаст, ки омода аст кӯмаки машваратӣ ва техникии худро дар баҳодиҳии хавф ба саломатии ҷомеа ҳангоми баргузории ҷашнҳои васеъмиқёс пешниҳод намояд.

Қобили зикр аст, қаблан СҶБ чандин роҳҳои пешгирӣ аз паҳншавии маризии коронавирусро пешниҳод намуда буд, ки карантин ва манъи чорабиниҳои оммавӣ аз усулҳои ироанамудаи ин созмон мебошанд.

Дар Тоҷикистон омодагӣ ба баргузории Ҷашни Наврӯзи Аҷам беш аз як моҳ тӯл мекашад. Бо вуҷуди хавфи маризии коронавирус, Тоҷикистон тасмим гирифт, ки ин ҷашнро пуршукӯҳ дар Хуҷанди Бостон ҷашн мегирад.

Интизор меравад, дар чорабинии мазкур худи раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ иштирок кунад. Ҳамзамон аз ҳузури то 12 ҳазор тамошобин дар баргузории ҷашни Наврӯз хабар дода мешавад.

Баргузории ин ҷашн дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки ҳамсоякишварҳои Узбекистон ва Қирғизистон аз баргузор кардани Наврӯз даст кашиданд.

Тоҷикистон ва Туркманистон хушбахтона аз миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳоло аз маризии сироятии коронавирус дар канор мебошанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад