Эълони қарантинаи расмӣ дар Фаронса бо фармони раисҷумҳур

Раисҷумҳури Фаронса ба далели вируси корона оғози қарнтина дар кишварашро эълон кард.

Эммануел Макрон, раисҷумҳури Фаронса ба далели паҳншавии вируси корона оғози қарнтина дар кишварашро эълон кард.

Ба гуфтаи раисҷумҳури Фаронса аз фардо ба муддати ҳаддақал 15 рӯз ҳар гуна ҳузур дар фазои умумӣ дар сартосари Фаронса ҷуз барои мавориди зарурӣ мамнуъ буда ва ҷарима хоҳад дошт. Ӯ чанд бор такрор кард “мо дар вазъияти ҷанг бо ин эпидемӣ ҳастем” ва тасреҳ намуд, ки ҳаргуна пиёдаравӣ, дидори хонаводагӣ, гирдиҳамоӣ ва ҳузури бемаврид дар хиёбонҳо ва маконҳои умумӣ аз ин пас мамнуъ хоҳад буд.

Ин дувумин бор дар 4 рӯзи гузашта аст, ки раисҷумҳури Фаронса тадобири тозаеро барои мубориза бо корона эълон мекунад. Ӯ рӯзи панҷшнбеи гузашта бо эълони таътилии тамоми мадрасаҳо, донишгоҳҳо ва омӯзишгоҳҳо гуфт тамомии коркунони бахшҳои хусусӣ ва давлатӣ метавонанд аз роҳи дӯр кор кунанд.

Як рӯз пас аз суханони Макрон, Идвард филип, нахуствазири Фаронса ҷузъиёти бештаре аз маҳдудиятҳои бепешина дар кишваршаро эълон кард. Вай гуфт, ки то иттилои баъдӣ, тамомии ресторонҳо, кофеҳо ва фурӯшгоҳҳо ба ғайр аз фурӯшгоҳҳои муҳим монанд супер-маркетҳо, нонпазҳо ва дорухонаҳо таътил хоҳанд буд.

Шумори мубталоён ба корона дар Фаронса то нимруз душанбе 16 март (26 исфанд) ба 5 ҳазор ва 423 нафар расидааст. Дар ин кишвар то кунун 127 нафар низ бар асари ин беморӣ ҷони худро аз даст додаанд. Бар асоси гузориши Вазорати беҳдошти Фаронса, дар шабонарӯзи гузашта 36 нафар бар асари корона дар ин кишвар ҷон бохтаанд. Ин омор болотарин нархи маргу мири рӯзонаи корона аз замони оғози паҳншавии ин беморӣ дар Фаронса то кунун будааст.

Давлати Фаронса пеш аз ин дар кишвар “вазъияти 3 эпидемӣ” эълон карда буд, аммо то рӯзи душанбе ҳануз қарнтина ё маҳдудияти рафту омад монанди ончи дар Италия ва бахше аз Испания дар ҷараён аст дар Фаронса эъмол нашуда буд.

“Вазъияти 3 эпидемӣ” дар Фаронса ба маънои он аст, ки вирус бемории вогирадор “дар тамоми кишвар” вуҷуд дорад ва “ҳамаи мардум” мумкин аст ба ин беморӣ мубтало шаванд.

Макрон дар суханронии рӯзи душанбеи худ ҳам эълон карда буд, ки даври дувуми интихоботи шӯроҳои шаҳр низ ба далели корона лағв хоҳад шуд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад