Фарзандони раисҷумҳурҳои Осиёи Марказӣ

Сооронбой Жээнбеков, раисҷумҳури Қирғизистон бо 2 фарзанд камтарин, ва Эмомалӣ Раҳмон бо 9 фарзанд рекорддори бузургтарин хонавода дар миёни руасои ҷумҳури Осиёи Марказӣ ҳастанд.

Фаъолиятҳои сиёсӣ ва иқтисодии фарзандони руасои ҷумҳури Осиёи Марказӣ тайи солҳои пас аз истиқлол ҳамвора мавриди суоли бисёре аз таҳлилгарон будааст. Ин суолҳо ба вежа пас аз раёсатҷумҳурии Илҳом Алиев пас аз падараш Ҳайдар Алиев дар Қафқоз ва улгугирии бархе руасои ҷумҳури Осиёи Марказӣ аз ин шева, беш аз пеш мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт. Тайи солҳои ахир низ шоеаҳои бисёре дар бораи фарзандони руасои ҷумҳури Тоҷикистон ва Туркманистон барои ба мерос гирифтанп қудрат аз падарони худ матраҳ шуда буд.

 Қазоқистон

Дареға Назарбоева, духтари бузурги Нурсултон Назарбоев, раисҷумҳури Қазоқистон аст, ки 55 сола аст ва бо Роҳат Алиев, сиёсатмадори марҳум издивоҷ кардааст ва 3 фарзанд дорад.

Назарбоев, раёсати расонаҳои гурӯҳиро ба ӯҳда дошта, тоҷир ва саҳомдори Нурбонк ва дар айни ҳол раиси ҳизби Асар ва намояндагии парлумони Қазоқистонро дар собиқаҳои худ дорад. Вай ҳамчунин муддате муовини нахуствазири Қазоқистон буд ва дар ҳоли ҳозир намояндаи парлумони Улё аст.

Дареға Назарбоева ҳамчунин дабири кумитаи равобити байналмилал, дифоъ ва амнияти санои Қазоқистон низ мебошад.

Динора Қулибоева, духтари дувуми Назарбоев, бо Таймур Қулибоев корофарин ва сиёсатмадори машҳури қазоқ издивоҷ кардааст.

Дороиҳои ӯ 3 миллиарду 200 миллион доллар баровард шуда ва ҳамсари ӯ низ ҳамин қадар дороӣ дорад. Қулибоева, илова бар тиҷорат дар умури хайрия ва тарҳҳои омӯзишӣ фаъолият дошта ва узви академияи фарҳангистони улуми Қазоқистон аст.

Олия Назарбоева, духтари севуми Нурсултон Назарбоев 3 бор издивоҷ кардааст. Ҳамсари аввали ӯ писари Аскар Оқоев, раисҷумҳури аввали Қирғизистон буд. Ӯ дар издивоҷи дувуми худ бо Донёр Ҳасанов, футболист ва бозаргони маъруфи қазоқ издивоҷ кард ва 2 духтар ба дунё овард. Шавҳари севуми Олия Дамоваш Досонов, тоҷир ва сиёсатмадор аст. Онҳо як писар ва як духтар доранд.

 Қирғизистон

Сооронбой Жээнбеков, ки як соли пеш ба унвони раисҷумҳури Қирғизистон интихоб шуд 2 фарзанд дорад. Бахтигул Жээнбеков, духтари бузурги ӯ донишҷӯи донишгоҳи қирқизӣ-русии Бурис Ялтсин аст. Ӯ дар соли 2016 бо Атобак, писари Улёрбек Абҷалиев, намояндаи парлумони ин кишвар издивоҷ кардааст.

Вай дар бахши ҳамкориҳои байналмилалии дафтари давлат ба унвони коршинос фаъолият мекунад.

 Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон аз даҳаи 1990 қарни бистум раисҷумҳури Тоҷикистон аст. Ҷойгоҳи фаъолияти вай натанҳо раисҷумҳур, балки пешвои миллат, бунёнгузори сулҳу ваҳдати миллӣ ва… ҳам мебошад.

Раҳмон яке аз руасои ҷумҳурӣ аст, ки натанҳо дар минтақа, балки дар ҷаҳон дорои бузургтарин хонавода аст. Ӯ 9 фарзанд дорад ва бархе аз онҳо дорои вазифаҳои баландпоя дар ин кишвар ҳастанд.

Озода, духтари 40 солаи Раҳмон, таи солҳои 2005 то 2007 ба унвони масъули фарҳанг ва маорифи сафорати Тоҷикистон дар Амрико фаъолият кардааст.

Дар солҳои 2007 то 2009 ба унвони раёсати консулии Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон фаъолият кардааст. Дар солҳои 2009 то 2014 низ муовини вазири умури хориҷа ва аз 2014 то 2015 муовини аввали ин вазорат будааст.

Ӯ аз 27 январи соли 2016 ба унвони раёсати дастгоҳи иҷроии раисҷумҳур ифои нақш мекунад.

Озода аз 29 майи соли 2016 узви Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз 15 июли ҳамон сол раиси кумитаи таъмини асосҳои қонунӣ, ҳуқуқӣ, озодиҳои инсонӣ, шаҳрвандӣ ва қонунӣ будани интихоб дар ин маҷлис шудааст.

Ҷамолуддин Нуралиов, ҳамсари ӯ муовини аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон аст. Озода 5 фарзанд дорад.

Рустам, писари бузурги Раҳмон аст ва 30 сол син дорад. Ӯ фаъолияти худро дар соли 2006 ба унвони мутахассиси аршади шӯъбаи ҳамкорӣ бо созмони умумии Вазорати рушди иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз кардааст. Рустам ҳамчунин дар солҳои 2009 то 2011 ба унвони раёсат ҳимоят аз корофринии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият доштааст. Ӯ дар солҳои 2011 ило 2012 низ раиси ташкилоти мубориза алайҳи ҷурмҳои гумрукӣ дар идораи гумруки давлатии Тоҷикистон кор кардааст. Байни солҳои 2012 то 2013 низ муовини раиси хадамоти гумрук дар давлати Тоҷикистон, ва аз ноябри соли 2013 то марти соли 2015 дар вазифаи риёсати хадамоти гумруки ин кишвар фаъолият кардааст.

Рустам аз моҳи марти соли 2015 то январи 2017 низ ба унвони раиси Ожонси назорати молии давлатӣ ва мубориза бо фасоди Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият кардааст. Дар таърихи 12 январи соли 2017 низ ба унвони иҷрокунандаи вазифаи раёсати шаҳри Душанбе (шаҳрдор) мансуб шудааст.

Писари бузурги Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар ҳоли ҳозир раиси федератсияи футболи Тоҷикистон ва узви Шӯрои олимпии осиёӣ мебошад.

Ӯ бо духтари раиси яке аз бузургтарин корхонаҳои саноеи ғизоии душанбе издивоҷ карда ва 2 фарзанд дорад.

Фирӯза, духтари дигари Эмомалӣ Раҳмон аст, ки бо Муҳаммадзиёр Соҳибов, издивоҷ кардааст. 2 соли пеш расонаҳо эълон карданд, ки Рухшона Раҳмон, яке дигар аз духтарҳои Раҳмон, ба унвони муовини раиси яке аз идораҳои Вазорати умури хориҷа таъйин шудааст.

Дар мавриди Таҳмина, яке дигар аз духтарони Раҳмон дар амал ҳеҷ иттилооте вуҷуд надорад. Парвина, духтари панҷуми раисҷумҳури Тоҷикистон бо Ашраф Гулов, писари Шералӣ Гулов, вазири собиқи энергӣ ва саноеи Тоҷикистон издивоҷ кардааст. Зарина, духтари шашуми Раҳмон, ки замоне ба унвони муҷрии шабакаи аввал фаъолият мекард, бо писари Бег Зуҳуроф, раиси хадамоти иртиботии Тоҷикистон издивоҷ кардааст.

Дар бораи Фарзона, духтари ҳафтуми Раҳмон низ иттилооти зиёде вуҷуд надорад. Сомон низ писари хурдсоли Раҳмон аст, ки феълан донишомӯз мебошад.

 Туркманистон

Қурбонқулӣ Бердимуҳаммедов аз соли 2006 раисҷумҳури Туркманистон аз ва 3 духтар ва як писар дорад.

Сардор, писари 37 солаи Бердимуҳаммедов байни солҳои 2003 то 2008 ба унвони коршиноси аршад дар иттиҳодияи саноеи ғизоии Туркманистон машғул ба кор буда ва ба самти муовинати вазири кишоварзӣ мансуб шудааст.

Аз соли 2016 вай намояндаи Маҷлиси Туркманистон аст ва аз оғози соли ҷорӣ низ ба унвони муовини вазири умури хориҷа таъйин шудааст. Сардор ҳамакунун 4 фарзанд дорад. Бархе коршиносон мӯътақиданд, ки сардор ҷонишин раисҷумҳури Туркманистон хоҳад шуд.

Чанд соли пеш тайи гузорише унвон шуд, ки Гулҷаҳон, духтари бузурги Бердимуҳаммедов бо Илёсгилди Амонов, шавҳари худ, ки намояндаи Ожонси давлатии Туркманистон дар мудирият ва баҳрабардорӣ аз манобеъ дар Англистон аст, зиндагӣ мекунад.

Духтари кӯчаки Бердимуҳаммедов низ бо ҳамсараш дар Париж зиндагӣ мекунад, аммо дар мавриди духтари севуми ӯ ҳеҷ иттилооте вуҷуд надорад.

 Узбакистон

Шавкат Мирзиёеви 61 сола, ки ду соли пеш пас аз марги Ислом Каримов, раисҷумҳури Узбакистон шуд, 3 фарзанд дорад.

Дар мавриди Саида, духтари бузурги ӯ ва шавҳараш Ойбек Турсунов, иттилооти каме дар дастрас аст. Шаҳноз, духтари дувуми раисҷумҳури Узбакистон ба унвони муовини раиси идораи кулли Вазорати омӯзиши Узбакистон фаъолият мекунад. Отабек Шохонов, шавҳари ӯ дар соли гузашта ба унвони муовини раиси ҳифозати ниҳоди раёсатҷумҳурӣ таъйин шуд. Ӯ як фарзанд дорад ва чанде пеш тасвири Мирзиёев бо ҳамроҳии навааш дар расонаҳо мунташир шуд.

Алишер танҳо писари раисҷумҳури Узбакистон низ дар ҳоли ҳозир донишомӯз аст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад