Амрикои ишғолгар

Чанд вақте аст нооромиҳо ва мушкилоти дохилии Ироқ ва набуди давлати марказии муқтадир сабаб шуда то давлати Амрико даст ба амалиётҳои мухталифи низомӣ аз ҷумла террори яке аз мақомоти болои низомии ин кишвар яъне шаҳид Абӯмаҳдӣ Муҳандис ба ҳамроҳи меҳмони низомии дипломаташ яъне Ҳоҷӣ Қосим Сулаймонӣ бизанад.

Дар канори ин амалиёт чандин амалиёт алайҳи аҳдофи амрикоиҳо бо ракит Катюша сурат гирифт, ки Вашингтон онро иқдомоти неруҳои Ҳашдушшаъбӣ аз ҷумла катоиби Ҳизбуллоҳ баршумурад. Дар ҳоле, ки неруҳои муқовимат аз ҷумла раҳбарони ин ҳаракат ҳар навъ вокуниши эҳтимолӣ дар қиболи шаҳодати сардор Сулаймонӣ ва Ҳоҷӣ Абӯмаҳдӣ Муҳндисро барои худ маҳфуз донистанд ва муддаӣ шуданд ин вокуниш бо мушак ва ба гунае сангин хоҳад буд, ки амрикоиҳоро аз Ироқ ихроҷ хоҳад кард. Аз сӯи дигар созмони разм ва амалиёти низомии неруҳои муқовимат дар Ироқ муддатҳои зиёде аст аз Катюша ва ракетҳои мушобеҳ истифода намекунад ва ин неруҳо ба мушакҳои модерн ва баллистик муҷаҳҳаз ҳастанд ва дигар ниёзе ба Катюша надорад. Аз тарафе ҳам иддаои Амрикоро тӯҳмат ба ин неруҳо баршумурданд ва изъон доштанд ҳар амалиёте тавассути гурӯҳҳои муқовимат сурат гирад ба таври ҳатм бо эълони расмии ин ҷараён хоҳад буд ва онҳо иқдоми махфиёна ё ғайрирасмӣ надоранд.

Дар канори ин мавзӯъ чанд рӯзи гузашта пойгоҳи ат-Тоҷии неруҳои иътилофи зидди ДИИШ-и Амрико дар Ироқ ҳадафи ракетҳое қарор гирифт, ки хисорати сангине ба неруҳои амрикоӣ ворид сохт. Ду низомии амрикоӣ ва як низомии англисӣ кушта ва бино бар эълони расонаҳои маҳаллӣ ва байналмилалӣ ёздаҳ низомии дигар маҷрӯҳ шуданд. Пас аз ин ҳодисаи Вашингтон бидуни ҳеҷ санади қобили қабуле ин амалиётро ба гурӯҳҳои муқовимат дар Ироқ мунтасаб сохт ва гуфт интиқом хоҳад гирифт. Чанд дақиқа пас аз ин иддао мақомоти гурӯҳҳои мухталифи муқовимати иддаои Кохи сафедро такзиб карданд муддаӣ шуданд ҳамонтавр, ки пештар баён карданд дар созмони разми гурӯҳҳои муқовимат муддатҳои зиёде аст аз ракети Катюша истифода намешавад ва аз тарафе агар муқовимат ин амалиётро анҷом медод бо эътиқод ва шуҷоат онро эълон мекард. Аммо ҳамонтавр, ки эҳтимол мерафт, амрикоиҳо ба баҳонаи ҳифозат аз пойгоҳҳои худ дар аввалин соатҳои рӯзи ҷумъа даст ба амалиёти низомӣ алайҳи аҳдофи расмии низомии артиши Ироқ ва неруҳои Ҳашдушшаъбӣ зад ва чандин пойгоҳи ироқиро мавриди ҳадафи ҳавопаймоҳои ҷангӣ қарор дод. Аз сӯи дигар неруи ҳавоии режими саҳюнистӣ бо амалиёти ҳавоӣ дар шарқи Сурия як пойгоҳи мунтасаб ба неруҳои муқовимат дар марзи Ироқро, ки вазифаи ҳифозат марзӣ ва ҷилавгирӣ аз омаду шуди ДИИШ ба Ироқ ва Сурияро ба ӯҳда доштанд ҳадафи ҳамлаҳои худ қарор дод.

Ончи дар саҳнаи майдон ба назар меояд адами таҳаммули пирӯзиҳои ахири муқовимат дар Ироқ ва Сурия барои Вашингтон ва Телавив аст. Сурия меравад бо азодсозии Идлиб фароянди набард дар ин минтақаро поён бахшад ва расман озодии хоки Сурия ва бозпасгирии манотиқи таҳти ишғоли террористҳоро ҷашн бигирад ва Бағдод барои ташкили кобина ва убур аз шароити буҳронии ахир даври як миз ба иттифоқи назар бирасанд. Дар чунин шароите авзои минтақаӣ ба зарари бозигарони хориҷӣ аз ҷумла Амрико ва режими саҳюнистӣ тамом хоҳад шуд ва ба ҳамин асос зарба задан ва тазъифи низомӣ ва амниятии нируҳои муқовимат дастури кори мақомоти ғарбӣ қарор гирифтааст. Ба назар мерасад рӯзҳои оянда бояд шоҳиди тағйироти густарда дар мувоҷеҳаи муқовимат бо амрикоиҳо бошем. Ҳамонтавр ки пас аз шаҳодати сардор Сулаймонӣ ва Абӯмаҳдӣ Муҳандис майдони даргирӣ ва тағйирот густардатар шуд ва амрикоиҳо мутаваҷҷеҳ шуданд ҳар иқдоме анҷом диҳанд бояд мунтазири вокуниши муқовимат бошанд. Бояд дид дар вокуниш ба ин ҳамлаҳо муқовимат чӣ сенарияеро ба кор мегирад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад