Тоҷикистон роҳи Толибон барои Осиёи Миёна

Толибон як гурӯҳи ифротии мазҳабӣ аст, ки дар соли 1990 дар фазои сиёсии Афғонистон арзи андом кардааст.

Гурӯҳи Толибон дар соли 1996 Кобул ва бештари қаламрави Афғонистонро тасарруф кард. Ин режим, ки дар манотиқи таҳти назораташ меъёрҳои шадиди мазҳабиро ҷорӣ карда буд, дар поёни сол 2001 аз сӯи иътилофи байналмилалӣ суқут кард, аммо боз ба муқовиматш идома дод ва дар солҳои гузашта ба далели заъфи ҳукумати марказӣ, ба пешрафтҳое ҳам даст ёфтааст ва ҳоло хатараш Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳам таҳдид мекунад.

Заду хӯрди мусаллаҳонаи неруҳои давлатии Афғонистон бо гурӯҳи Толибон дар ҳоле дар манотиқи ҳаммарзи ин кишвар дар шаби 6 ва 7-уми март бо Тоҷикистон шакл гирифт, ки дар 29 феврал Амрико бо гурӯҳи Толибон дар мавриди сулҳ дар ин кишвар тавофуқнома ба имзо расонда буд.

Толибон дар вулусволии Нусайи Бадахшони Афғонистон ва он сӯи ноҳияи Дарвози Тоҷикистон дар ҳоли қудрат гирифтан аст. Мақомоти маҳаллӣ мегӯянд, онҳо бо аслиҳаи неруҳои мухолифи ҳукумати Тоҷикистон дар солҳои 1990-ум меҷанганд. Аксари онҳо як муддат дар урдугоҳҳои хориҷ аз вулусволӣ тамрин дида, як дарди саре барои мардум шудаанд ва ҳама рӯз ҷангу даргирист.

Тайи рӯзҳои даргирӣ миёни неруҳои ҳукуматӣ ва Толибон ду сарбоз ба ҳалокат расидаанд. Шаби 6 ва 7-уми март дар пайи ҳамин даргириҳо ба ду деҳаи Дарвози Тоҷикистон – Рӯзвай ва Зинроғ – низ тирҳои дайду расида, сабабии нигаронии мардум шуд. Гулӯлаҳои туфанги “Калашников” ба манзили зисти ду сокин ва мактаби Рузвай асобат кардаанд. Албатта касе осеб надидааст, танҳо як тирезаи мактаби деҳа сӯрох шудааст.

Вулусволии Нусай маркази аслии дарвозиҳо буда ва дар гузашта 5 вулусувлии дигар аз онҷо идора мешуд. Ба далели мавқеияти ҷуғрофиёӣ, ишғоли Нусай метавонад Толибонро аз Вирдуҷ (марзи Покистон) то Нусайи Дарвоз (марзи Тоҷикистон) ба ҳам васл кунад. Зеро Толибон ҳаминак бар бахшҳое аз вулусволии Куф, Зеркӣ, Роғистон, Кӯҳистон ва… контрол доранд ва мумкин аст аз ин тариқ билохира ба ҳадафи худ бирасанд, ки ҳамон расидан ба марзи Тоҷикистон аст. Ин яъне васл шудани террорисҳо аз Покистон то Осиёи Миёна.

Вилояти Мухтори Кӯҳистонии Бадахшон Тоҷикистон низ ба далоиле яке аз маҳаллаҳои тундравпарвар аст, ки ҳар аз гоҳе миёни ин вилоят ва давлати марказии Тоҷикистон даргирӣ рух медиҳад. Агар гурӯҳҳои тундрав ба Бадахшони Тоҷикистон даст ёбанд; таҳдиди бузурге алайҳи Тоҷикистон низ хоҳанд буд. Дар ин сурат ба далели кӯҳистонӣ ва сахт убур будани марзи Тоҷикистон гурӯҳҳои тундрав метавонанд ба роҳатӣ аз Тоҷикистон сарбозгирӣ кунанд ва ё ба онҷо сарбоз бифиристанд.

Пули иртиботии вулусволии Нусай бо Дарвози Тоҷикистон ва бозорчаи он ба манбаи даромади Толибон табдил хоҳад шуд ва баъд аз андак замоне даст ба ҷамъоварии закот хоҳанд зад. Дар он сурат аз лиҳоз молӣ ҳам кам-кам ба худкифоӣ хоҳанд расид.

Эҳтимол дорад бо масдуд шудани ин пул аз сӯи Тоҷикистон, дар он сурат вазъият дар ҳадди фоҷиаи инсонӣ хатарнок хоҳад шуд, зеро мардуми Нусай ва дар кул дарвозиҳо бархе эҳтиёҷоти худро аз тариқи ин пули иртиботӣ дарёфт мекунанд. Маводи хӯрока ва заруриёти асосӣ аз Қундуз харидорӣ мешавад ва аз тариқи Тоҷикистон ба дарвозиҳо теранзит мешавад. Дар он сурат ҳамаи ин имконот қатъ хоҳад шуд.

Нуктаи дигар ин аст, ки аслиҳаҳои зиёде дар ин вулсволӣ аз замони муҷоҳидон ва ҳузури ҷангҷӯёни Тоҷикистон бар ҷой мондааст, ки бархе аз онҳо бисёр пешрафтаанд. Дастёбии Толибон ба ин анборҳои аслиҳа ба роҳатӣ мумкин аст. Онҳо пас аз истеҳкоми пояҳои қудраташон ин аслиҳаҳоро ҷамъоварӣ ва дар ҷанг бо неруҳои амниятӣ истифода хоҳанд кард.

Ончи аз ҳама хатарноктар мебошад ин аст; касоне, ки дар саффи Толибони дарвозҳо ҳастанд, одамҳои ба шиддат бебок, бадсират ва бепарво ҳастанд ва ҳар лаҳза мумкин аст даст ба интиқомгирӣ бизананд ва мардумро тираву тор кунанд. Ба вежа ба далоили мазҳабӣ ва ҳизбӣ. Онҳо душмани қасамхӯрдаи ҷамъиятҳои Дарвоз ҳастанд, ки се бор монеи рушди онҳо дар дарвозҳо шуданд.

Толибонро на танҳо Тоҷикистон, балки бештари кишварҳои ҷаҳону минтақа ва созмонҳои байналмиллалие мисли СММ терористӣ эътироф кардаанд. Ҳоло қудрати Толибон ҷаҳонро маҷбур ба шинохту эътирофи онҳо кард. Амрико ҳам онро террористӣ медонад, аммо нишасти ИМА бо Толибон имзои созишномаи сулҳ буд ва чанд кишвари дигаре, ки дар он нишаст ҳузур доштанд ё нақши миёнаравро дар ин гуфтугӯ иҷро мекарданд, ё Толибонро террорист намедонанд, аммо ин агар Тоҷикистон манотиқи таҳти назари худро тассаруф кунад ба осонӣ метавонад ба кишварҳои дигар ҳар роҳ ёбад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад