Гуфтугӯи Путин бо Ардуғон дар бораи тавофуқи Маскав

Кохи Кремл дар баёнияе аз гуфтугӯи телефонии раисҷмҳури Русия ва ҳамтои туркияии вай дар бораи тавофуқоти ахири Маскав ва Анкара дар бораи Идлиб хабар дод.

 Кохи Кремл дар баёнияи худ эълон кард, ки сарони ду кишвари Русия ва Туркия дар тамоси телефонӣ бо якдигар дар бораи тавофуқи Маскав бар сари оташбас дар Идлиб баҳсу гуфтугӯ карданд.

 Дар ин баёния омадааст, ки Ардуғон ва Путин дар ин тамоси телефонӣ дар мавриди коҳиши қобили таваҷҷуҳи сатҳи таниш дар минтақаи Идлиб ибрози хурсандӣ карданд.

 Панҷуми март буд, ки раисҷумҳури Русия ва ҳамтои туркияии вай бар сари таваққуфи даргириҳо миёни Анкара ва Димишқ дар Идилб ба тавофуқ даст ёфтанд. Ин тавофуқ, ки дар Маскав ҳосил ва дар таърихи шашуми март вориди марҳилаи иҷро шуд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад