Амрико ҳамвора дар интихоботи Афғонистон мудохила кардааст

Бунёди Карнегӣ навишт, ки Амрико аз замони ҳамла ба Афғонистон ва ҳузури низомӣ дар ин кишвар, ҳамвора дар интихоботи Афғонистон мудохила кардааст.

Ба гузориши дафтари минтақаӣ хабаргузории “Тасним”, Бунёди Карнегӣ, бо интишори матлабе изҳордошт «ҳамаи интихоботи риёсат ҷумҳурии Афғонистон, бо тавофуқ ва ё миёнҷигарии дипломатҳои Амрикоӣ анҷом шудааст.»

Дар идомаи ин матлаб дарбораи «занҷираи мудохилоти Амрико» навишт, ки далели аслии пирӯзии «Ҳомид Карзай», раиси ҷумҳури вақти Афғонистон дар интихоботи соли 2004 мелодӣ маҷмӯаи иқдомоти Амрико аз ҷумла интисоби вай барои раҳбари давлати муваққат дар соли 2001 ва низ таъйиди вай барои риёсати ҳукумати интиқолӣ дар соли 2002 мелодӣ ва ҳамчунин таҳти фишор қарор гирифтани рақибони Карзай тавассути Амрико барои хурӯҷ аз рақобатҳои интихоботи ном бурд.

Навиштор меофзояд: пирӯзии муҷаддади Карзай дар соли 2009 печидатар буд ва агарчи дар он замон “Ричард Ҳолбрук”, намояндаи вижаи вақти Амрико дар Афғонистон ва Покистон норизоятии худро аз Карзай равшан карда буд, аммо Амрико пеш аз даври аввали интихобот, ки бо тақаллуби густурда ҳамроҳ буд ба таври амиқ даргири интихобот нашуда буд.

“Ҷон Керрӣ”, раиси вақти кумитаи равобити хориҷии Сано, Карзайро ба рафтани интихобот ба даври дувум тарғиб кард, аммо дар ниҳоят “Абдуллоҳ Абдуллоҳ”, рақиби интихоботии Карзай, аз ширкат дар даври дувум инсироф дод ва дар натиҷа Казай, раиси ҷумҳури мунтахаб эълом шуд.

Дарбораи интихоботи соли 2014 мелодӣ низ дар ин матлаб омадааст, ки Амрико то кашида шудани интихобот ба даври дувум дар ҳошия монд; Ин дар ҳоле аст, ки Абдуллоҳ дар даври аввал бештарин ороро, байни номзадони интихоботӣ касб карда буд. Дар ҳар ду давр тақаллуби густурда вуҷуд дошт ва ба назар мерасад кишвар дар остонаи кудито ва ё рӯёрӯии хушунатомези дигаре қарор дошт, ки бо миёнҷигирии шахси Ҷон Керрӣ, вазири хориҷаи вақти Амрико, ҳукумати ваҳдати миллӣ эҷод шуд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад