Созмони ҷаҳонии беҳдошт коронаро “ҳамагири ҷаҳонӣ” эълон кард

Дар пайи паҳншавии вируси корона дар беш аз 120 кишвари ҷаҳон, Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ бемории COVID-19-ро як бемории "ҳамагири ҷаҳонӣ" эълон кард.

Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ рӯз чаҳоршанбе ба таври расмӣ беморӣ ва вируси коронаро, ки ҳоло ҷаҳонро бо худ даргир кардааст, як бемории “ҳамагири ҷаҳонӣ” эълон кард.

Бар асоси оморҳои расмӣ, токунун беш аз 120 кишвари ҷаҳон даргири вируси корона (омили бемории мавсум ба COVID-19) шудаанд ва ин вазъият дар ниҳоят Созмони беҳдошти ҷаҳониро бар он доштааст, ки ин беморӣ ба шиддат мусриро бемории ҳамагири ҷаҳони (Pandemic) эълон кунад.

Мудири кулли Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ дар як нишасти хабарӣ дар Женева дар бораи ҳамагир шудани вируси корона дар ҷаҳон гуфт: “Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ амиқан аз мизони паҳншавӣ ва шиддати беморӣ ношӣ аз ин вирус нигарон аст. Бинобарин мо ба ин натиҷа расидаем, ки бемории COVID-19 метавонад ба унвони як бемории ҳамагири ҷаҳонӣ шинохта шавад.”

Вай афзуд: “ҳамаи кишварҳо ҳоло ҳам метавонанд вазъияти кунунӣ перомуни ин бемории ҳамагирро тағйир диҳанд; ба шарти онки беморони эҳтимолиро кашф, озмоиш, қарнтина ва дармон карда ва мардумро дар вокуниш ба ин беморӣ ҳамроҳ кунанд.”

Токунун бештар аз 122 ҳазор нафар дар беш аз 120 кишвари ҷаҳон ба вируси корона мубтало шудаанд, ки аз байни онҳо ҳудуди 4400 нафар ҷони худро аз даст додаанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад