Мавзӯи энергетика меҳвари нишасти ояндаи мақомоти Тоҷикистон ва Узбакистон

Даври ояндаи комиссияи байнидавлатии ҳамкориҳои тиҷорӣ ва иқтисодии Тоҷикистон ва Узбакистон, таҳти риёсати нахуствазирони 2 кишвар бо мавзӯи қимати энергетика баргузор мешавад. 

Ба гузориши хабарнигори хабаргузории “Форс” дар Душанбе, ҷаласаи комиссияи байнидавлатии ҳамкориҳои тиҷорӣ ва иқтисодии Тоҷикистон ва Узбакистон дар нимаи дувуми моҳи апрели соли ҷорӣ дар шаҳри “Гулистон”-и устони “Суғд” барпо мешавад.

Дар ин иҷлос, ки таҳти риёсати “Қоҳир Расулзода”, нахуствазири Тоҷикистон ва “Абдуллоҳ Орифов”, нахуствазири Узбакистон дар нимаи дувуми моҳи апрел барпо мешавад, ба таври умда масоили марбут ба тавсеаи ҳамкориҳои тиҷорӣ ва иқтисодӣ, башардӯстона, фарҳангӣ, илмӣ ва фарҳангӣ миёни ду кишвар баррасӣ мешаванд.

Мавзӯи ҳаҷми содироти барқи Тоҷикистон ба Узбакистон, гази табиӣ Узбакистон ба Тоҷикистон ва қимати он барои соли 2020, дар ин нишаст таъйин ва ҳамоҳанг хоҳад шуд.

Дар соли гузаштаи мелодӣ Тоҷикистон ба Узбакистон як миллиард ва 425 миллион киловат соат барқ бо қимати 2 сент барои ҳар як киловат содир кардааст.

Ҳаҷми куллӣ содироти барқи Тоҷикистон ба Узбакистон 28.5 доллар баровард шудааст.

Дар соли 2019 Тоҷикистон аз Узбакистон 140 миллион метри мукааб гази табиӣ ба маблағи 17.7 миллион доллар харидорӣ кардааст. Тоҷикҳо дар соли гузаштаи мелодӣ ҳар як ҳазор метри мукааб гази табиӣ ӯзбакиро бо қимати 120 доллар харидорӣ карда буданд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад