Бо меҳвари муқовимат ҳастем – низомиёни амрикоиро хориҷ мекунем

Бусайна Шаъбон дар гуфтугӯ бо шабакаи хабарии Маёдин бар ҳамоҳангӣ бо меҳвари муқовимат ва Эрон таъкид кард ва гуфт, ки Димишқ неруҳои амрикоиро аз Сурия берун хоҳад ронд.

Мушовири сиёсӣ-расонаии Башор Асад, раисҷумҳури Сурия тавофуқномаи Маскав дар бораи Идлибро комилкунандаи набарди низомӣ ва озодсозии манотиқи бештар донист.

Бусайна Шаъбон дар гуфтугӯ бо шабакаи хабарии Маёдин изҳор дошт: артиши Сурия таи ҳафтаҳои ахир ду ҳазор киллометри мураббаъ аз арозии Сурияро озод карда ва талафотеро ба террористҳо ва низомиён Туркия ворид кардааст.

Вай бо баёни инки тавофуқи Маскав яъне озодии манотиқи бештари ҳамчун Ариҳо ва Ҷсрушшуғур, таъкид кард, ки раҳбарони Сурия дар ҳамоҳангии доим бо муттаҳидони худ дар заминаҳои сиёсӣ-низомӣ ва тамоми ҷузъиёт ҳастанд.

Шаъбон зимни ишора ба сутуни панҷуме, ки дар ҷиҳати аҳдофи хасмона алайҳи Сурия ҳамвора дар хусуси дӯстон ва муттаҳидон тардид доранд, гуфт: Димишқ ба сурати комил ва доим бо Теҳрон ва Ҳизбуллоҳ аз ҷиҳати сиёсӣ ва низомӣ ҳамоҳанги дорад.

Вай ҳамчунин равобити Теҳрон-Димишқро таърихӣ ва роҳбурдӣ донист ва афзуд, ки ҳокимияти Сурия барои Эрон ва Русия дар авлавият аст.

Бусайна Шаъбон бо баён инки тавофуқномаи Маскав байни путин ва Ардуғон мӯҳтавои маҳрамона надорад, гуфт: Ардуғон дар сӯҳбатҳояш сафсата мекунад ва ҳузури мақомоти амрикоӣ дар манотиқи таҳти сайтараи террористҳо айб дорад. Амрико гурӯҳакҳои Алқоида ва ДИИШ-ро зери пару боли худ гирифт ва ҳимояташ аз Ҷабҳатуннусра чизи аҷибе нест.

Мушовири сиёсӣ-расонаии Башор Асад идома дод: ончи Ардуғон анҷом медиҳад ба нафъи Исроил аст ва бо мавзӯи Фаластин тиҷорат мекунад ва ба ишғоли арозии Сурия чашм дорад.

Бусайна Шаъбон дар бораи дидори руасои ҷумҳури Сурия ва Туркия ҳам гуфт, ки Туркия манотиқе аз Сурияро ишғол кардааст ва ин масъала мумкин нест.

Вай бо баёни инки Димишқ хоҳони озодсозии Идлиб ва бозгашти оворагон ба манотиқашон аст, афзуд: мо Идлибро озод хоҳем кард ва терроризмро дар Сурия решакан мекунем ва бар тамоми манотиқ контрол хоҳем ёфт.

Шаъбон ҳамчунин тасреҳ кард, ки Сурия аз равобит бо тамоми кишварҳои арабӣ истиқбол мекунад ва сафари ҳайате аз Либия ба Димишқ низ дар ҳамин ҷиҳат сурат гирифт.

Вай дар айни ҳол аз сафари Аббос Комил, вазири иттилооти Миср ва ҳайати ҳамроҳи вай ба Димишқ ва дидори онҳо бо мақомоти сурӣ хабар дод.

Шаъбон гуфт: кишварҳои аврупоӣ ва арабӣ дарёфтаанд, ки Ардуғон хатаре барои минтақа ва ҷаҳон аст.

Вай ҳамчунин аз мавозеи Алҷазоир дар қиболи Сурия истиқбол кард, аммо гуфт, ки дар ҳоли ҳозир ҳамоҳангии дуҷониба байни ду кишвар вуҷуд надорад.

Бусайна Шаъбон боз бар ҳимояти Сурия аз муттаҳидони худ дар меҳвари муқовимат барои берун рондани низомиёни амрикоӣ аз ғарби Осиё таъкид кард.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад