Рӯзноманигорони тоҷик ҷашни касбиро таҷлил мекунанд

Имрӯз, 11-уми март дар Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик баргузор мешавад.

“Имрӯз, соати 16:00 дар толори театри мо бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик чорабинии идона доир мегардад. Қабл аз оғози он дар саҳни театр намоиш-фурӯши китобу рӯзномаҳо гузаронида мешавад. Дар қисмати расмии чорабинӣ намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ, Вазорати фарҳанг ва Иттифоқи журналистони Тоҷикистон суханронӣ мекунанд”, – иброз дошт саркоргардон.

Инчунин маросими супоридани унвону ифтихорномаҳо ва барномаи консертӣ баргузор хоҳад шуд.

Чорабинӣ бо ташаббуси муштараки Вазорати фарҳанг ва Иттифоқи журналистони кишвар ташкил мегардад.

11-уми марти соли 1912 аввалин рӯзномаи тоҷикии “Бухорои Шариф” рӯйи чоп омада буд. Аз соли 1994 инҷониб санаи мазкур ҳамчун Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мешавад.

Бино ба иттилои Вазорати фарҳанги ҶТ, соли 2019 дар Тоҷикистон 376 номгӯйи рӯзномаҳо ба қайд гирифта шуданд, ки аз ин шумор 112 нашрияи давлатӣ ва 264 нашрияи ғайридавлатӣ мебошанд.
Бознашр аз сомонаи “Азия-Плюс”

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад