Коҳиши низомиёни Амрико дар Кувейт

Wall Street жорнал дар гузорише навишт, ки сарони Пентагон тайи ҳафтаҳои ахир иқдом ба хориҷ кардани теъдоди зиёде аз низомиёни амрикоӣ аз Кувейт кардаанд.

Ба нақл аз Wall Street, Вашингтон эълон кард пас аз бозгашти оромиши нисбӣ ба минтақаи ғарби Осиё пас аз интиқоми сахти Эрон ва мушакборони пойгоҳи низомии Айнуласад, сарони Пентагон тасмим гирифтанд то аз теъдоди низомиёни худ дар пойгоҳҳои минтақа коҳиш диҳанд.

Ба гуфтаи нашрияи амрикоии Wall Street, Пентагон қасд дорад то теъдоди андаке аз низомиёни ин кишварро аз минтақаи ғарби Осиё хориҷ кунад.

Бар асоси ин гузориш токунун ҳудуди ҳазор низомии террористи амрикоии ҳозир дар минтақа, ки дар пайи террори шаҳид Қосими Сулаймон ва нобасомон шудани авзоъ дар минтақа ба Кувейт эъзом шуда буданд, тайи ду ҳафтаи гузашта пойгоҳи Кувейтро тарк карданд.

Мақомоти амрикоӣ инро ҳам гуфтаанд, ки эҳтимолан ҳудуди 2 ҳазор низомии дигари Амрикоӣ, ки пештар ба Кваййт эъзом шуда буданд, тайи ҳафтаҳои оянда аз минтақа хориҷ хоҳанд шуд.

Ин нахустин бор тайи моҳҳои гузашта аст, ки Амрико теъдоди низомиёни як маркази худро коҳиш медиҳад. Wall Street ин тасмими Амрикоро баёнгари ин фарзия медонад, ки онҳо гумон мекунанд танишҳо дар минтақа дар ҳоли коҳиш аст.

Wall Street албатта паҳншавии вируси коронаро ҳам дар ин тасмим муҳим арзёбӣ карда ва гуфта, ки тарси Амрико аз ҳамагирии ин вирус миёни низомиёни амрикоии ҳозир дар Кувейт дар гирифтани ин тасмим муассир будааст.

Ин дар ҳоле аст, ки гурӯҳҳои муқовимат дар Ироқ таъкид кардаанд, ки ба ҳар иқдоме камтар аз ихроҷи низомиёни террористи амрикоӣ аз Ироқ розӣ намешванд. Ҳизбуллоҳи Ироқ эълон кардааст, ки марокизи низомии Амрико дар ин кишварро дар тирраси худ қарор дода то дар сурати ҳаргуна иштибоҳи Амрико дар минтақа онҳоро мавриди ҳадаф қарор диҳад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад