Афзоиши ҷаҳонии нажодпарастӣ алайҳи мардуми Чин

Нажодпарастӣ алайҳи чиниҳо дар пайи тарси ҷаҳонӣ аз паҳншавии вируси корона дар бештари кишварҳои ҷаҳон афзоиш ёфтааст.

Ахиран гурӯҳе аз донишҷуёни чинӣ дар Франса аз сӯи афроде, ки худро пулис муаррифӣ карда ва аз онҳо ба баҳонаи истифода аз моск барои ҷилавгирӣ аз ибтило ба вируси корона ҷаримаи молӣ гирифтанд, пулашонро бахшиданд.

Бино бар гузоришҳои сафорати Чин дар Фаронса дар баёнияе тасреҳ кард: дар рӯзҳои ахир ҷамъе аз донишҷуёни чинӣ таъкид карданд, ки маъмурони пулиси Фаронса онҳоро маҷбур ба пардохти ҷаримаи молӣ ба маблағ 150 евро (171 доллар) ба далели нақзи қонуни мамнуъияти пӯшиши чеҳра дар Фаронса карданд.

Дар ҳамин бора пулиси Фаронса бо таъкид бар инки ин афрод дар пӯшиши ҷаълӣ худро пулис муаррифӣ мекарданд, тасреҳ кард: қонуни барои мамнуъияти пӯшидани моск ба далоили пизишкӣ вуҷуд надорад.

Бинобар гузориши шабакаи СНН дар идомаи афзоиши нажодпарастӣ як марди осиёӣ шоҳиди ҳамлаи нажодпарастона алайҳи вай дар қатори шаҳри Нию-Йорк буд. Фарде аз табори африқоӣ аз тарси вируси корона аз он мард хостааст, ки аз ҷойи худ баланд шавад. Посух надодани марди осиёӣ боис шуд, ки фарди дигаре 15 сония атр ба сурати вай бипошад.

Таҳқиқоти ҷиноӣ пас аз интишори видеои ин таҷовузҳо аз сӯи воҳиди ҷиноии мубориза бо нафратпароканӣ, вобаста ба пулиси Нию-Йорк оғоз шуд.

Ёдовар мешавад, ки паҳншавии вируси маргбори ҷадиди корона ба эҳсосоти нажодпарастонаи зидди чинӣ ва зидди осиёӣ дар Фаронса доман задааст. Дар ҳафтаҳои гузашта тасвирҳо ва видеоҳои бисёре дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи рафторҳои ношоист бо ин ақалияти нажодӣ дар Порис ва дигар шаҳрҳои Фаронса мунташир шудааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад