Туркия бозигари шикастхӯрдаи Идлиб

Дар ҳоле тавофуқ байни Русия ва Туркия дар миёни оташи даргириҳои Идлиб ба имзои тарафайн расид, ки Туркия эълон дошт ин тавофуқ барои амнияти минтақаӣ аст ва муҳтавои тавофуқ ҳамон муҳтавои тавофуқи қаблии Сочӣ буд.

Албатта ҳамонтавр, ки дар гуфтугӯи Путин омадааст, артиши Туркия иттилооте барои ҳузур дар бахшҳои даргир ва ҳамроҳӣ бо террористҳо надода ва ҳамин масъала ба кушта шудани неруҳои Туркия дар Идлиб сабаб шуд. Аммо тавофуқ ҳарчи буд чанд паёми муҳим дошт.

Паёми аввали ин тавофуқ нишон дод Туркия бар хилофи иддаои башардӯстонааш дар ҳимояти гурӯҳҳои террористӣ ва аз авалин ҳомиёни Алқоида ва Ҷабҳатуннусра аст. Дар ҳақиқат Туркия пазируфт дар муҳите қарор дошт, ки ба ҳамкорӣ бо гурӯҳҳои расмии террористии байналмилалӣ машғул буд ва ҳамин масъала осеби ҷиддӣ ба неруҳои артиши Туркия ворид сохт. Артиши Туркия нишон дод ҳомии аносире аст, ки даст ба ҳар ҷинояти ҷангӣ дар тӯли буҳрони Сурия заданд ва амалан як пои куштори бегуноҳон ва ғайринизомиён буд.

Паёми дувум муҳимтар аз паёми аввал ва дар ҳақиқат рӯҳи амалиёт дар Сурия буд. Давлати Сурия утубони Ҳалаб – Димишқ ва ҳамчунин бахшҳои муҳиме аз сарпул амалиёти Идлибро озод кард. Тамоми талоши Туркия бар ин буд то ин манотиқ бозпасгирӣ шавад ва дар ихтиёри террористҳо қарор гирад. Матни тавофуқ нишон медиҳад ҳеҷ ақабгард ва бозпасгирӣ аз манотиқ поксозӣ шуда, нашуда ва амалан артиши Сурия пирӯзи ин набарди чандрӯза буд ва туркҳо сирфан барои ҷилавгирӣ аз фуру рафтан дар ботлоқи сиёсӣ ва амниятии Идлиб даст ба чунин тасмиме заданд.

Паёми дигари ин тавофуқ ҳокӣ аз аҳамияти минтақаии Идлиб барои тарафҳои даргир буд. Туркия медонад Идлиб чӣ аҳамияте дорад ва агар бихоҳад дар Идлиб ворид шавад бо чанд чолиш аз ҷумла адами мақбулият ва машрӯъияти таҷовуз ба Сурия тавассути ниҳодҳои байналмилалӣ ва ҳатто НАТО, адами тавони артиши Туркия барои муқобила бо Сурия ва даргир шудани ин кишвар бо муттаҳидони Сурия аз ҷумла муқовимат ва ҳамчунин адами ҳамроҳӣ шаҳрвандони туркияӣ бо Ардуғон перомуни далели сиёсӣ ва амниятии ин ҳамла, мувоҷеҳ хоҳад шуд. Бар ҳамин асос Туркия зарфияти як ҷанг бо давлати Сурияро нахоҳад дошт. Дар чунин шароите аз даст надодани ҳаддиақал бахше аз тарси Ардуғон барои пазириши ин тавофуқ буд. Дар воқеъ Ардуғон нигарон буд дар сурате, ки ҷанг ва даргирӣ бо тарафи сурӣ идома пайдо кунад ба таври ҳатм ин даргирӣ мунҷар ба пирӯзии артиши Сурия бар тамоми нуқоти Идлиб буд ва ба ин сурат чизе барои артиши Туркия боқӣ намемонад то дар он тохтутоз кунад.

Аз сӯи дигар артиши Туркия дар шароите оташи набардро алайҳи артиши Сурия ташдид сохт, ки режими саҳюнистӣ даст ба ҳамлаи мушобеҳ зад. Пазириши сареи тавофуқи шимол (тавофуқ дар Идлиб) ба сабаби муқоисасозии афкори мардуми минтақа аз иқдомоти мушобеҳи Ардуғон ва Нетонёҳу буд. Ардуғон талоши зиёде кард то раҳбарии уммати исломиро дар мувоҷеҳа бо Исроил ба даст гирад, аммо ҳамкории иттилоотии ин кишвар бо режими саҳюнистӣ ва дар ниҳоят ҳам ҷиҳати ҳадафи геополотики ин ду кишвар дар Сурия тамоми дастовардҳои ин солҳои Ардуғонро ба бод дод.

Дар натиҷа бояд ингуна ҷамъбандӣ намуд, ки Ардуғон бо печидатар шудани авзои Идлиб авалин касе буд, ки ҳозир ба пазириши тавофуқи ахир шуд то шикасташ дар Идлиб беш аз ин домани амнияти миллии Туркияро нагирад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад