Амрико ҳеҷ ғалате карда наметавонад

 Латиф Педром, раҳбари ҳизби конграи миллии Афғонистон ба дахолати ахири Амрико дар умури дохилии Афғонистон вокуниш нишон дод.

Раҳбари ҳизби конграи миллии Афғонистон дар вокуниш ба изҳороти ахири Помпео дар бораи Афғонистон, бо таъкид бар инки Амрико ният шуми худро собит карда, гуфт: ба қавли яке аз бузургони Амрико ҳеҷ ғалате наметавонд бикунад.

Педром дар вокуниш ба изҳороти ахири Помпео дар бораи мухолифати Амрико бо эҷоди ҳукумати мувозӣ дар Афғонистон ва истифода аз зур барои ҳалли масоили сиёсӣ, гуфт: ҷолиб аст, режиме, ки ҷуз адабиёт ва мантиқи зӯр, таҷовузгарӣ ва ишғолгарӣ, ҳеҷ сулҳ ва хайр ва ҳаққи башарӣ ва адолатеро ба расмият намешиносад, дигаронро ҳатто аз анҷоми як ҳаракати маданӣ барои дифоъ аз ҳақ ва ҳуқуқи мусаллами худ барҳазар медорад ва дар воқеъ таҳдид мекунад.

Вай афзуд: Помпео ва давлаташ агар барои ҳақ ва адолат ва маданият ва иродаи озоди мардумон эҳтиром қоил буданд, ғаниро бо истифода аз зур ва иҷбори раиси мамлакати мо эълон намекарданд.

Педром идома дод: одами оқил аз як сӯрохи мор дубор газида намешавад. Дигар ният, ирода ва қасди шуми Амрикр ва ишқаш ба султагарӣ, ба муздуронаш барои мо мисли офтоб равшан шудааст. На фиреби Амрикоро мехӯрем ва на аз он метарсем. Агар мардум ирода кунанд, чунонки дирӯз дар Кохи сафедор ирода ва озодагӣ нишон доданд ба қавли яке аз бузургон: Амрико, ҳеҷ ғалате наметавонад бикунад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад