Ҷиноят дар сояи сукут ва вируси корона

Аз декабри 2019, бо ҳимояти давлати Ҳинд қонуне дар парлумон ин кишвар тасвиб шуд, ки сабаби оғози хушунат алайҳи мусулмонони ҳиндӣ шуд.

Тибқи ин қонун ақалиятҳои динии кишварҳои минтақа аз ҷумла ҳиндуҳо, сикҳо ва масеҳиён метавонанд тобеияти ҳиндӣ дарёфт кунанд, аммо мусулмонон аз дарёфти он маҳрум ҳастанд. Мақомоти ҳиндӣ то кунун эътироф кардаанд, ки дар ҷараёни ҳамла ба мусулмонон, беш аз аз 350 нафар кушта ва захмӣ шудаанд ва аз сӯи дигар, 122 хона, 322 мағоза ва фурӯшгоҳ ва ҳамчунин 301 худрав дар ҷараёни ҳамлаи ваҳшиёнаи ҳиндуҳои ифротӣ ва низомиён ба хона ва касбу кори мусулмонон, аз байн рафтааст.

Норендро Мудӣ, нахуствазири Ҳинд, ки ҳомии аслии ин қонун аст мегӯяд, ки ин қонун барои ҳимоят аз ақалиятҳо дар Афғонистон, Покистон ва Бангладеш зарурӣ аст ва муддаӣ аст, ки ин қонун ба ҳеҷ ваҷҳ алайҳи мусулмонон нест. Ин дар ҳолест, ки ба унвони мисол ҳазорон мусулмони Руҳингиё дар марзҳои Бангладеш аз сӯи давлати Миёнмор ронда шуда ва давлати Бангладеш низ аз пазириши ин афрод, ки асолата ҳиндӣ маҳсуб мешаванд, худдорӣ мекунад.

Қонуни ҷадид ва нақзи фоҳиши ҳуқуқи башар

Ҷерми Луренс, сухангӯи дафтари комиссерияии олии ҳуқуқи башари Созмони Милал ин қонунро нақзи ҳуқуқи башар хонда ва онро мухолифи баробарӣ медонад. Коршиноси ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид эълон кард, ки қонуни ҷадид, мухолифи тааҳҳуди Ҳинд ба қавонини байналмилали муҳоҷират аст. Аз назари қавонини байналмилалии ҳуқуқи муҳоҷират, ҳамаи муҳоҷирон бидуни таваҷҷуҳ ба мазҳаб ва ё дини худ, ҳақ доранд, ки аз ҳуқуқи башар бархурдор ва қавонини муҳоҷиратӣ бояд бар асоси баробарӣ ва адами табъиз бошанд. Ба ин маъно, ки ин қавонин барои ҳамаи афрод бидуни дар назар гирифтани нажод, мазҳаб, маниши миллӣ ё вазъияти дигар, эъмол мешавад. Аз манзари ин коршиноси ҳуқуқ башар, давлати Ҳинд ба шиддат ҳаққи иҷтимои мусоламатомезро нодида гирифта ва аз сӯи дигар ҳамаи тарафҳо низ бояд аз эъмоли хушунат худдорӣ кунанд.

Сукути ҳамешагии муддаиёни ҳуқуқи башар ва бетарафии расонаӣ

Аз замони рӯи кор омадани ҳизб Б.Ҷ.П ва нахуствазирии Мудӣ, иқдомоти мухталифе алайҳи мусулмонон дар заминаҳои гуногун шурӯъ шуд. Ибтидо давлати ҷадид ба сӯроғи кашмир рафт ва бо ҳазфи моддаи 370 аз қонуни асосии Ҳинд, ҳаққи худмухтории минтақаии Кашмир аз миён рафт. Мақомоти ҳиндӣ пас аз ин бо фишор ба додгоҳи олӣ, боис шуданд то ин додгоҳ дар парвандаи масҷиди Бобрӣ ва маъбади Ром, ба зарари мусулмонон ҳукм диҳад. Тамоми ин иқдомот дар сояи сукути муддаиёни ҳуқуқи башар ва низ расонаҳои ба истилоҳ бетараф сурат гирифт.

Бо ҳимояти Амрико ва ба вежа аз баъд аз замони сафари Трамп ба Ҳинд ва чароғи сабзе, ки аз Кохи сафед дарёфт кард ва низ интишори сареи вируси корона дар ҷаҳон, иқдомоти пешин алайҳи мусулмонон, ки аз қабл шурӯъ шуда буд бо ҳимояти неруҳои амниятӣ, шиддати бештаре ба худ гирифт ва хушунати полис, саҳнаҳои дилхарошеро ба вуҷуд овард, ки ёд ва хотираи куштори мусулмонон дар Миёнморро ба зиҳ овард ва шӯрбхтона ин вазъият ҳамчунон идома дорад.

Нуктаи муҳим онҷост, ки низомиёни ҳиндӣ дастикам 50 мусулмонро ҳамзамон бо вуруди Трамп ба хоки ин кишвар куштаанд, аммо Созмони ҳамкории исломӣ ба сарпарастии Арабистони Саудӣ, ҳамчунон сукут карда ва ба хотири манофеи иқтисодӣ, ҳозир нест иқдомоти давлати Деҳлии Навро маҳкум кунад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад