Мухолифати Путин бо лағви маҳдудияти давраи риёсати ҷумҳурӣ дар Русия

"Владимир Путин", таъкид кард: маҳдудият дар дафаоти интихоби як фард дар симати риёсат ҷумҳурӣ барои Русия беҳтар буда ва тазмине барои тағйири қудрат буда ва дар ғайри ин сурат вазъият ғайриқобили қабул ва ҳатто фоҷеаомез барои ин кишвар аст.

Ба гузориши хабаргузори “Тос”, “Владимир Путин”, раиси ҷумҳури Русия мӯътақид аст, ки вуҷуди маҳдудият дар теъдоди дафаоти интихоби раиси ҷумҳур барои Русия арҷаҳият дорад, барои инки тазмине барои тағйири қудрат дар кишвар бошад.

Путин дар мусоҳибае барои барномаи мустанаде бо унвони “Парвоз бар лабаи пртгоҳ”, ки бахше аз он шаби гузашта аз шабакаи аввали телевизиони Русия намоиш дода хоҳад шуд, дар ин бора тавзеҳ дод: «акнун мо дар ҳоли баррасии ислоҳоти лозим дар қонуни асосӣ ҳастем. Пешниҳодоти мухталифи зиёде вуҷуд дорад: аз ҷумла лағви маҳдудият теъдоди дафаоти интихоби раиси ҷумҳур. Вале дар ҳар сурат ман мӯътақидам, ки барои тазмини тағйири қудрат (дар кишваре монанди кишвар мо ин масъала бисёр аҳамият дорад) ва агар теъдоди дафаоте, ки ҳар шахс метавонад номзади пусти риёсат ҷумҳури шавад, маҳдуд бошад , беҳтар хоҳад буд.»

Вай ёдовар шуд, ки теъдоди номаҳдуди дафаоти риёсат ҷумҳури барои як фард, масъалае ғайриоддӣ нест ва дар бисёре аз кишварҳо чунин маҳдудите вуҷуд дорад. Дар ғарб, ва дар ҳамон Иёлати Муттаҳида, аз назари таърихӣ, ҳамин ахиран ин мҳдуият лағв шудааст.

Раиси ҷумҳури Русия ҳамчунин таъкид кард, ки вай ба ҳеҷ ваҷҳ қасд надорад барои тамдиди давраи риёсат ҷумҳурии худ, ба думболи эҷоди як системи ғайриқобили қабули қудрат барои Русия бошад.

Вай гуфт: «акнун шойеъоти зиёде дарбора бархе ҷойгузинҳо ва органҳои қудрати мутавозӣ шунида мешавад, ба унвони мисол, додани ихтиёроти музоаф ба шӯрои давлатӣ дар Русия. Ман ин масъаларо комилан ғайриқобили қабул медонам. Ман ба хубӣ дарк мекунам ва содиқона бигӯям, ки метавонам авзоъро контрол кунам то вазъият дар кишвар пойдор бошад. Вале эҷоди вазъияти қудрати дугона барои оянда, дӯрнмои комилан фоҷиаборе барои кишвар дар пай хоҳад дошт. Барои хулоса кардан ва натиҷа гирӣ аз суханонам бояд бигӯям: ман намехоҳам ва қасд ҳам надорам то барои густариши ихтиёротам, чунин системи қудрати давлатиро дар Русия эҷод кунам, ки барои кишвари мо ғайриқобили қабул буда ва асароти мухаррибе дошта бошад.»

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад