Ду подшоҳ дар як иқлим савганд ёд карданд

Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва Ашраф Ғанӣ, ду номзади пештози интихоботи президентии Афғонистон баъд аз зӯҳри 9-уми март дар Кобул тайи ду маросими ҷудогона савгандӣ президентӣ ёд карданд. Тибқи Қонуни асосии Афғонистон, иҷрои маросими савганд тавассути раиси Додгоҳ олӣ анҷом мешавад. Маросими савганди Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва муовинонаш тавассути Шаҳзода Шоҳид, як олими дин анҷом шуд.

Комиссияи марказии интихоботи Афғонистон рӯзи 18-уми феврал Ашраф Ғаниро барандаи интихоботи президентии моҳи сентябри соли 2019 эълон кард, аммо Абдуллоҳ Абдуллоҳ онро пуртақаллуб хонда, натиҷаро напазируфт ва эълон кард, ки “ҳукумати ҳамашумул” ташкил медиҳад.

Давоми чанд рӯзи ахир талошҳои сиёсӣ барои хатми ихтилофҳо миёни ин ду номзади пештози интихоботи президентии моҳи сентябри соли 2019 бенатиҷа буд ва ҳоло Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва Ашраф Ғанӣ ҳар ду ба унвони президент савганд ёд карданд.

Фаридун Хузун, сухангӯи дастаи “Субот ва ҳамгироӣ” бо раҳбарии Абдуллоҳ Абдулоҳ шаби гузашта ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки бо миёнҷигарии мақомоти амрикоӣ маросими савгандёдкунии Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва Ашраф Ғанӣ ба таъхир афтодааст. Қаблан эълон шуда буд, ки ин маросимҳо соати 9-и субҳ баргузор мешаванд. Аммо баъдан масъулони ҳар ду тими интихоботӣ эълон карданд, ки маросими савгандёдкунӣ баъд аз зӯҳр баргузор мешавад.

Тибқи наворҳои шабакаҳои телевизионии Афғонистон, дар маросими савгандёдкунии Ашраф Ғанӣ шуморе аз дипломатҳои хориҷӣ, аз ҷумла намояндаи вижаи Амрико барои Афғонистон Залмай Халилзод ширкат доштанд. Маросими савгандёдкунии Абдуллоҳ Абдуллоҳ бидуни ҳузури дипломатҳои хориҷӣ баргузор шудааст. Ашраф Ғанӣ дар Арки раёсати ҷумҳурӣ ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар “Қасри Сапедор” савганд ёд карданд.

Дар остонаи баргузории ин маросимҳо, дар шаҳри Кобул тадобири шадиди амниятӣ рӯи даст гирифта шуда буд ва ҷодаҳои асосӣ баста шуда буданд. Дар шаҳри Кобул рӯзишанбе таътил эълон шудааст.

Натиҷаҳои ниҳоии интихоботи президентии Афғонистон 18-уми феврал пас аз ҳудуди панҷ моҳ эълон шуд ва Комиссияи мустақили интихобот Ашраф Ғаниро бо касби 50,64 дарсад баранда эълон кард. Комиссия орои Абдуллоҳ Абдуллоҳро 39,5 дарсад гуфт. Гулбиддин Ҳикматёр дар мақоми савум қарор гирифт.

Интихоботи президентии Афғонистон бо иштироки бемонанди хеле ками овоздиҳандагон ва ҷанҷолҳо миёни Ғанӣ ва Абдуллоҳ дар давоми маъракаи пешазинтихоботӣ гузаронида шуд. Аз 9 миллион овоздиҳанда 1.8 миллион нафар дар интихобот овоз доданд.

Иттиҳомоти густурда оид ба тақаллуб дар интихоботи президентии соли 2014, боиси кашмакаши ҷиддӣ байни номзадҳои пештоз Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва Ашраф Ғанӣ шуда буд. Дар ниҳоят ин бӯҳрон бо миёнҷигарии Амрико ва ташкили ҳукумати ваҳдати миллӣ ҳал шуд. Тибқи он тавофуқ, Ашраф Ғанӣ ба мақоми раиси ҷумҳур расид ва мақоми наве бо унвони раиси иҷроия барои Абдуллоҳ Абдуллоҳ таъсис дода шуд.
Бознашр аз сомонаи “Озодӣ”

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад