Арабистон ба ҷои ҳимоят аз Фаластин ҳомиёни муқовиматро муҳокима мекунад

Сухангӯи Ҳамос иқдоми режими саудӣ дар муҳокимаи шахсиятҳои Фаластинӣ ва Урдунии муқими Арабистонро ба далели ҳимоят аз масъалаи Фаластин маҳкум кард.

Ба гузориши гурӯҳи байналмилалии хабаргузории “Форс”, додгоҳи кайфарии саудӣ рӯзи якшанбе муҳокимаи шуморе аз шаҳрвандони Урдунӣ ва Фаластинии муқими Арабистонро оғоз кард.

Ин афрод, ки қариб ба ну моҳ пеш боздошт шудаанд аз шахсиятҳои академик, пизишк, муҳандис ва ғайра ҳастанд, ки Арабистон иттиҳомҳои марбут ба дарёфти амвол аз тариқи номшруъ ва таъсиси ниҳодҳои фоқиди муҷаввиз ба онҳо ворид кардааст.

“Абдулмоҷид Ал-Хазрӣ”, сокини навори Ғазза таъйид кард, ки бародараш “Муҳаммад”-и 81 сола аз мақомоти аршад Ҳамос ва писари ӯ “Ҳонӣ”, имрӯз барои нахустин бор аз замони боздошташон дар апрели 2019 дар додгоҳи кайфарии Арабистон ҳозир шуданд.

“Абдулмоҷид Ал-Хазрӣ”, гуфт: «додгоҳ ду иттиҳоми вобастагӣ ба як созмони террористӣ ва ҷамъи амвол ба онҳо ворид кардааст».

Ҳамос дар нӯҳуми сентябри 2019 боздошти Ал-Хазрӣ ва фарзандаш дар Арабистонро таъйид кард ва гуфт Ал-Хазрӣ ба муддати қариб ба ду даҳа масъули мудирияти равобити Ҳамос бо Арабистон буда ва пустҳои калидии дигареро низ дар кодри раҳбарии Ҳамос дошта, ки ба ҳамроҳи теъдоди дигаре аз атбои Фаластинии муқими Арабистон боздошт шуданд.

Мақомоти саудӣ аз замони боздошти ин афрод ҳеҷ тавзеҳи дарбораи ин қазия надодааст.

“Ҳозим Қосим”, сухангӯи Ҳамос шомгоҳи якшанбе дар гуфтугӯ бо шабакаи Алмаёдин иқдоми режими саудӣ дар озод накардани шахсиятҳои Фаластинӣ аз зиндонҳои Арабистон ва муҳокимаи онҳоро маҳкум кард.

Ин мақом Ҳамос гуфт: «вазифаи миллӣ ва арабии Арабистон эҷоб мекунад, ки ин афродро такрим кунад, на инки ба ин шева онҳоро муҳокима кунад».

Қосим аз мақомоти саудӣ хост ин раҳбарони Фаластиниро, ки чеҳраҳои миллӣ ва қавмӣ маҳсуб мешаванд озод кунад.

Ӯ гуфт: «ҳама уммат бояд масъалаи Фаластинро тақвият кунанд ва пуштибони он бошанд на инки бо муҳокимаҳои инчунинӣ муқовимати Фаластинро тазъиф кунанд».

Ҳисоби корбарии зиндонёни ақида низ дар вокуниш ба муҳокимаи имрӯзи шахсиятҳои Фаластинӣ ва Урдунӣ дар Арабистон гуфт:Фаластиниҳо ва Урдуниҳои боздоштӣ дар Арабистон ба далели ҳимоят аз муқовимати Фаластин ва мушорикат дар корҳои хайрияи муҳокима шуданд.

Ниҳоди зиндонёни ақида, ҳаштаги “На ба муҳокимаҳои маҳрамона”-ро ҳам пахш кардааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад